Тоҷикистон мехоҳад СММ соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон кунад

Тоҷикистон талош дорад Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳон таъсис шавад ва Созмони Милали Муттаҳаид соли 2025-ро "Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" эълон кунад. Намояндаи Тоҷикистон дар СММ  роҳи муассиртарин барои  ин корро ворид кардани ин ташаббусҳо ба қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ медонад. Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дар ин маврид бо Намояндаи доимии […]

Тоҷикистон талош дорад Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳон таъсис шавад ва Созмони Милали Муттаҳаид соли 2025-ро "Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" эълон кунад. Намояндаи Тоҷикистон дар СММ  роҳи муассиртарин барои  ин корро ворид кардани ин ташаббусҳо ба қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ медонад.

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дар ин маврид бо Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат мулоқоти маҷозӣ доир кардааст. 

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, ки мавзуи асосии ин мулоқот роҳҳои татбиқи ташаббуси президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди эълон намудани соли 2025 ҳамчун соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, буд.

Намояндаи Тоҷикистон дар СММ гуфтааст, ки Маҷмаи Умумии СММ бо ибтикори кишвари мо ҳашт қатънома қабул кард ва кишвари мо борҳо дар сатҳи баланд ҳамоишҳои байналмилалӣ доир намуда, масъалаҳои муҳимро баррасӣ кардааст.

Дар чанд соли ахир прияхҳои Тоҷикистон ҳудуди 30% масоҳати худро аз даст додаанд ва коршиносону мутахассисони соҳаи экология мегӯянд, ин раванд идома дорад.

Дар ҳоли ҳозир, аз 14 ҳазор пирях дар Тоҷикистон як ҳазори он комилан аз байн рафтаанд. Аз ҷумла мутахассисон мегӯянд, ки пиряхи Федченко, ки яке аз бузургтарин пиряхи ҷаҳон маҳсуб мешавад, беш аз як километр масоҳати худ ё 2 километри кубии яхро аз даст додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.