Боз як навъи электромобилҳои нав дар Тоҷикистон. 10 сомонӣ захираи барқ барои 410 километр

Таблиғот

Ширкати "Як таксӣ" 20 адад мошини барқӣ (электромобилҳо)-и «BYD E2»-ро вориди кишвар кард. Онҳоро метавон ҳам барои таксӣ ва ҳам барои истифодаи шахсӣ харидорӣ кард.

“Як таксӣ” дистрибютори расмии BYD дар Тоҷикистон эътироф шудааст.

«Батареяҳои ин модел кафолати якумрӣ доранд. Чунин сифат дигар дар ягон ширкати мо набуд. Ғайр аз ин, ширкати маъруфи “Тесла” дар моделҳои ахири электромобилҳои худ батттареяҳои ширкати BYD E2»-ро истифода мекунад”, – мегӯяд намояндаи “Як таксӣ” Баҳриддин Шоев.

BYD E2 дорои батареяи 47 киловатт-соата буда, метавонад бо як захира тақрибан 410 километр масофаро тай кунад. Мошинро метавон дар хона аз розеткаи одии дорои ноқили заминӣ пур кард. Барои захираи пурраи барқ тақрибан 6 соат вақт лозим аст. Арзиши он қариб 10 сомонӣ мешавад. Яъне бо барқи арзишаш 10 сомонӣ метавон аз Душанбе то Хуҷанду Исфара сафар кард.

Ба гуфтаи Шоев, ҳамчунин “Як таксӣ” тасмим гирифтааст, дар саросари кишвар шабакаи нуқтаҳои пуркунии захираи барқ васл кунад. Ин нахустин чунин иқдом дар Тоҷикистон аст. Ҳоло ҷойгиршавии 10 нуқтаи он дар Душанбе мувофиқа мешавад.

“Дар худуди худи корхона нуқтаи якум аллакай гузошта шуд. Он метавонад ду мошинро дар як вақт барқ диҳад, – мегӯяд намояндаи “Як таксӣ” Баҳриддин Шоев. – Автомобилҳои батареяашон аз 30 то 47 киловатт дар 40-45 дақиқа ва батареяашон аз 40 то 87 киловатт – дар 1,5 соат захира гирифта, бо ин захира автомашина метавонад то 600-700 километр масофаро тай кунад”.

Батареяи зарфияташ 30-47 киловатт дар нуқтаҳои зудпуркунанда 20-30 сомонӣ ва батареяҳои зарфияташон бештар – 40-45 сомонӣ арзиш доранд.

Тақрибан шаш моҳ пеш ширкати “Як таксӣ” аввалин шуда ба кишвар электромобилҳои  Volkswagen E-Lavida-ро бо захираи равуо ба масофаи 300 километр ворид кард. Соҳибони он мегӯянд, мошин хуб аст.

“Қариб шаш моҳ мешавад, ки ин мошинро меронам – мошини хубест,- мегӯяд ронандаи таксии Volkswagen E-Lavida Суҳроб Саидов. – Чанде пеш ба Варзобу Сафеддара сафар доштам, худро хеле хуб нишон дода, бе ягон мушкилӣ рафту омад. Бо он ба Бохтар ҳам рафта, ин ҷо низ ягон душворие пеш наомад. Бо як захира 300 километр масофаро тай мекунад. Барои пур кардани захира бошад, ҳамагӣ 40 дақиқа вақт меравад”.

BYD E2 ҳудуди 22 ҳазор ва Volkswagen E-Lavida – 21 ҳазор доллар арзиш доранд.

Электромобилҳо ва нуқтаҳои пур кардани захираи барқ бахше аз ташаббуси “ЭКО-Шаҳр”-и ширкати “Як таксӣ” мебошанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...