Дар Тоҷикистон 15 май Рӯзи дави миллӣ баргузор мешавад

Рӯзи навбатии дави миллӣ бахшида ба ҷашни Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 15 май, рӯзи якшанбе доир мегардад, хабар медиҳад Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати ҷумҳурӣ. Он дар саросари кишвар баргузор мешавад. Бино ба маълумоти Кумита, дар ин дави миллӣ иштироки аз 300 то 400 ҳазор нафар дар назар аст. Ҳадафи аслии ин чорабиниро […]

Рӯзи навбатии дави миллӣ бахшида ба ҷашни Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 15 май, рӯзи якшанбе доир мегардад, хабар медиҳад Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати ҷумҳурӣ.

Он дар саросари кишвар баргузор мешавад. Бино ба маълумоти Кумита, дар ин дави миллӣ иштироки аз 300 то 400 ҳазор нафар дар назар аст.

Ҳадафи аслии ин чорабиниро Кумита таблиғи тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстиву бародарӣ миёни наврасону ҷавонон ва дар баробари ин изҳори эътирози онҳо нисбати падидаҳои манфи дар ҷомеа, аз ҷумла нашъамандӣ, ҷинояткорӣ, гаравидан ба гуруҳҳои ифротгаро унвон карда, таъкид менамояд, ки дави миллӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май таҷлил мегардад, гузаронида мешавад.

Дар Душанбе иштирокчиёни чорабинӣ соати 8:00 аз мавзеи “Чорбоғ” дар ноҳияи Варзоб ба давидан оғоз намуда, соати 11:00 дар назди маҷмааи “Наврӯзгоҳ” ба марра мерасанд. Аз иштироки то 20 ҳазор нафар интизорӣ меравад. Ҳамаи хоҳишмандон метавонанд дар он иштирок кунанд.

Дарёфти маълумот дар бораи муваққатан баста шудани роҳҳои пойтахт дар робита ба ин чорабинӣ муяссар нашуд.

Рӯзи дави миллӣ дар Тоҷикистон бо ташаббуси президенти мамлакат аз соли 2005 дар рӯзи якшанбеи сеюми моҳи май дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар доир мегардад.

Қобили зикр аст, ки соли 2006 дар дави миллӣ ба масофаи 3 километр сарвари давлат ва аъзои ҳукумати кишвар иштирок карда буданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.