Сергей Лавров: “Бори асосии бозсозии Афғонистонро бояд амрикоиҳо ва иттифоқчиёнашон бар дӯш гиранд”

Рамзия Мирзобекова, Asia-Plus

“Афғонистонро барқарор кардан зарур аст, ба ташаннуҷи вазъият дар ин кишвар набояд роҳ дод”, – посух дод ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс” вазири корҳои хориҷии Русия.

Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ ба кор оғоз намуд. Ҳангоми ба назди рӯзноманигорон омадан Сергей Лавров ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс” посух дод.

– Вазъият дар Афғонистон, бахусус дар Панҷшер, на ба нафъи Толибон тағйир меёбад. Агар Покистон бори дигар дахолат кунад, оё кишварҳои иттиҳод, ки ҳамзамон аъзои СПАД ҳастанд, оё ба гунае ба ин вокуниш нишон медиҳанд, зеро дар асл ин маънои онро дорад, ки Покистон талош дорад дар масъалаи амнияти минтақа нақши асосиро бозад?

– Ман дар бораи баъзе фарзияҳо тахмин карда наметавонам, аммо метавонам такрор кунам, ки мо дар сиёсати амалии худ он чизеро дида истодаем, ки тӯли моҳҳои зиёд баъди сари қудрат омадани толибон, воқеа ва рӯйдодҳо ба чӣ гунаи нохуш ва бесарусомонӣ сурат мегиранд.

Бешубҳа, агар мо дар бораи Афғонистон ҳарф бизанем, онро барқарор кардан зарур аст, ба ташаннуҷи вазъият дар ин кишвар набояд роҳ дод.

Барои мардуми афғони тӯли 20 сол аз ҳузури НАТО ранҷкашида, ки барои рушди зербино, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, барқарор кардани иқтисод, нақлиёт ва равобити хориҷӣ, як тин ҳам сармоягузорӣ накардааст, хеле душвор хоҳад буд.

Ва ҳоло, албатта, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба навсозии кумакҳои башардӯстона ва дигар кумакҳо ба Афғонистон ва мардуми афғон таваҷҷӯҳи бештар зоҳир кунад.

Бори асосии бозсозии мамлакатро, албатта, бояд амрикоиҳо ва иттифоқчиёнашон бар дӯш гиранд, ки дар давоми 20 сол ба ҷуз таъмини ҳузури ҳарбии худ коре накардаанд, вале дар ниҳояти кор низ ба ин мақсад расида натавонистанд.

Дар мавриди мавқеъ дар дараи Панҷшер, мавқеъи бозигарони беруна, мо ҳамеша ҷонибдори он будем, ки вазъи кунунии Афғонистон дар заминаи муколамаи миллӣ танзим шавад, ки ҳадафи он ба тавофуқ расидани тамоми нерӯҳои қавмию конфессионалӣ ва сиёсии ин кишвар аст.

Дар суҳбат бо мо ва вохӯрии аз ҷониби Чин ташкилшуда толибон изҳор карданд, ки дар ҳайати онҳо ӯзбекону тоҷикон ва ҳазораҳо ҳастанд, аммо дар асл ин қисми этникиву конфессионалӣ буда, фарогирии сиёсӣ вуҷуд надорад, зеро ҳамаи ин намояндагони миллӣ, ки онҳоро ба идоракунии кишвар ҷалб мекунанд, аз лиҳози сиёсӣ толибонанд.

Албатта, ин равандро вусъат додан лозим аст. Мо чунин паёмҳо мефиристем. Ҳамкасбони чинии мо, ки бо онҳо дар форматҳои гуногун дар масъалаи танзими Афғонистон ҳамкорӣ дорем, низ аз ҳамин мавқеъ амал мекунанд. Ҳамаро, аз ҷумла Покистонро низ даъват дорем, ки дар ин раванд ширкат кунанд.

Аз иттифоқчиёнамон дар Тоҷикистон, ки дар шимоли Афғонистон нуфузи ҷиддӣ доранд, интизорӣ дорем, ки дар оянда барои расидан ба ҳадафҳои муштарак, ки дар татбиқи онҳо тамоми кишварҳои минтақа манфиатдоранд, ба мо кумак хоҳанд кард.

Дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ баррасии дурнамои рушди ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби Иттиҳод дар назар буда, ба масоили таъмини амнияти байнулмилалӣ ва густариши робитаҳои башардӯстонаву илмӣ таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад шуд.

Ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, дар ҳошияи чорабинии ШВКХ ИДМ инчунин баргузории вохӯрии роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар назар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...