Дар Чемпионати CAFA футболбозони навраси тоҷик тими Қирғизистонро мағлуб карданд

Asia-Plus

Мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-ро, ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, бо ғалаба оғоз намуд.

Мувофиқи тақвим мунтахаби Тоҷикистон дар даври аввал озод буд, зеро шумори дастаҳо ҳамагӣ 5-то аст. Дар ин давр бозии байни наврасони дастаҳои Ӯзбекистон ва Эрон мусовӣ – 2:2 ва миёни тимҳои Қирғизистон ва Афғонистон низ – 1:1 анҷом пазируфт.

Тавре ки маркази матбуоти ФФТ хабар медиҳад, дар даври дуюм мунтахаби Тоҷикистон дар бозии аввал тими наврасони Қирғизистонро дилпурона бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Голҳои Масрур Ғафуров (аз пеналти) ва Шеравган Саидов ба дастаи 16 солаи кишвар 3 имтиёз оварданд.

Гуфта мешавад, дар бозии дигари ин давр наврасони Ӯзбекистон дарвозаи футболбозони Афғонистонро голборон карданд – 6:0.

Бозиҳои даври навбатии чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои наврасони то 16-сола (U-16) имрӯз баргузор мешаванд. Бозии Эрон – Қирғизистон соати 18:00 ва Тоҷикистон – Афғонистон – соати 21:00 оғоз мешаванд. Бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии пойтахт доир мегарданд.

Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни мунтахабҳои то 16-сола аз рӯий системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян мегардад.

Дар маҷмуъ, дар доираи чемпионати CAFA-2022 (U-16) даҳ бозӣ баргузор мешавад. Ҳама вохӯриҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе сурат мегиранд.

Даврҳои боқимонда

Даври 3-юм

16 май (душанбе)

18:00 – Эрон – Қирғизистон

21:00 – ТОҶИКИСТОН – Афғонистон

Даври 4-ум

18 май (чоршанбе)

18:00 – Эрон – Афғонистон

21:00 – Ӯзбекистон – ТОҶИКИСТОН

Даври 5-ум

20 май (ҷумъа)

18:00 – Қирғизистон – Ӯзбекистон

21:00 – ТОҶИКИСТОН – Эрон

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...