Қирғизистон 11 сокини ноҳияи Ҷаббор Расуловро боздошт кардааст, Тоҷикистон қазияро шарҳ намедиҳад

11 сокини ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд аз сӯйи Қирғизистон боздошт шудаанд. Кишвари ҳамсоя ин 11 шаҳрванди Тоҷикистонро дар “убури ғайриқонунии марз” муттаҳам медонад. Аммо бо гузашти беш аз ду ҳафта аз боздошти онҳо масъулини ҳукумати ин ноҳия ва мақомоти Тоҷикистон ҳодисаро шарҳ надодаанд. Субҳи душанбеи 16-уми май аз ҳукумати ноҳияи Ҷаббор Расулов боздошти 11 нафар сокинони […]

11 сокини ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд аз сӯйи Қирғизистон боздошт шудаанд. Кишвари ҳамсоя ин 11 шаҳрванди Тоҷикистонро дар “убури ғайриқонунии марз” муттаҳам медонад. Аммо бо гузашти беш аз ду ҳафта аз боздошти онҳо масъулини ҳукумати ин ноҳия ва мақомоти Тоҷикистон ҳодисаро шарҳ надодаанд.

Субҳи душанбеи 16-уми май аз ҳукумати ноҳияи Ҷаббор Расулов боздошти 11 нафар сокинони деҳаи Қурғончаи ҷамоати Ҳаёти Нави ин ноҳияро дар марзи Қирғизистон ба "Азия-Плюс" тасдиқ карданд. Аммо дар ҳукумати ноҳия гуфтанд, ки ҷузъиёти ин боздоштро намедонанд ва аз сарнавишти ин сокинон иттилое надоранд.

Як манбаъ дар ҳукумати ин ноҳия бидуни зикри ном  ба "Азия-Плюс" гуфт, ин қазияро аз мақомоти амният ҷӯё шавед, зеро мо аз ҷузъиёти рафтану боздошти онҳо хабар надорем.

“Аз ҷузъиёти боздошти 11 нафар хабар надорам, ки онҳо чӣ гуна он ҷо рафтанду боздошт шуданд. Ба ин кор мақомоти амният сару кор дорад. Лекин дирӯз мо бо  қирғизҳо дар масъалаи делемитатсияву демаркатсия, яъне заминҳои баҳсӣ гуфтугӯй кардем. Онҳо дар заминҳои баҳсӣ сохтмонро оғоз кардаанд, аммо аз ҷониби мо ноҳияи Ҷаббор Расулов манъ карда шуд”,-гуфт ин манбаъ аз ҳукумати ноҳияи Ҷаббор Расулов.

Рӯзи ҷумъаи 13-уми май радиои "Озодӣ" ба истинод ба маълумоти як сокини деҳаи Қурғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов дар бораи ин 11 гуфт “ду ҳафта гузашт, вале аз сарнавишти онҳо дараке нест”.

Манбаи "Озодӣ" бидуни зикри ном гуфтааст, “онҳо ҳар субҳ мерафтанду дар кони ангишт кор мекарданд ва шаб боз ба хонаҳояшон бармегаштанд, вале аз рӯзи 29-уми апрел ба ин тараф нопадид шудаанд.”

Мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол расман дар мавриди боздошти сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов дар марзи Қирғизистон чизе нагуфтааст.      

Аммо охири ҳафтаи гузашта расонаҳои Қирғизистон бо такя ба иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар хабар доданд, ки 11 нафар сокинони деҳаи Қурғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, рӯзи 29-уми апрел бо ҷурми “убури ғайриқонунии марз” боздошт шудаанд.

Ба навиштаи харбаргузории қирғизии vesti.kg “ин шаҳрвандони Тоҷикистон дар яке аз анборҳои ангишти Сулуктаи Қирғизистон ғайриқонунӣ будубош ва кор мекарданд”.

Мақомоти амниятии Қирғизистон рӯзи 30-уми апрел алайҳи ин сокинони боздоштшудаи ноҳияи Ҷаббор Расулов аз руйи моддаи 378 Кодекси ҷиноии Қирғизистон “убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ” парванда боз кардааст. Гуфта мешавад боздоштшудаҳо ба бинои СИЗО-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон интиқол дода шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.