Думаи давлатӣ пешниҳод кардааст, ки ба русзабонҳо ба таври автоматӣ шаҳрвандӣ дода шавад

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Як узви кумитаи палатаи поёнии порлумони Русия ба Думаи давлатӣ пешниҳод кардааст, ки ба русзабонҳо новобаста аз он ки аз куҷо ҳастанд ба таври автоматӣ ё худкор шаҳрвандии Русия дода шавад.

Ин пешниҳодро Евгений Федоров узви кумитаи палатаи поёнии порлумон оид ба буҷет ва андоз ба Думаи давлатӣ додааст ва гуфтааст “чунин тадбир шумораи аҳолии мамлакати моро пурра мекунад”. Ӯ дар ин бора дар суҳбат бо радиои “Говорит Москва” хабар дода? изҳор доштааст, ки шаҳрвандии Русия ба касоне, ки забони русиро донад ва барои ӯ ин забон ҳамчун забони модариаш аст ва новобаста аз он ки ӯ аз куҷост бояд ба таври худкор ё автоматӣ дода шавад.

«Ба мо зарур аст бояд, шумораи аҳолиро пурра кунем. Барои ин фаъолсозии механизмҳои таърихии шахсияти русҳо, ба истилоҳ русикунониро дохил кардан лозим аст. Моҳияти ин механизм дар он мебошад, ки ҳар фарде, ки аз таваллуд ба забони русӣ ҳарф мезанад, рус ҳисобида мешавад ва мувофиқан бояд ба таври худкор шаҳрвандиро бигирад. Набояд санадҳо ҷамъоварӣ кард, агар шахс бо забони русӣ гуфтугӯ кунад, барои ӯ ин забони модариаш аст, бояд ӯ ба таври автоматӣ новобаста аз он ки аз куҷост шаҳрвандӣ бигирад”,-пешниҳод кардааст Евгений Федоров

Пешниҳоди ин узви кумитаи палатаи поёнии порлумони Русия дар ҳолест, ки бино ба иттилои Оҷонсии омор и Русия “Росстат” коҳиши табии аҳолии ин кишвар дар моҳи январ 89,2 ҳазор нафарро ташкил дод. Ин ба фарқ аз ҳамин давраи соли гузашта 21,2% камтар аст. Бино ба маълумоти ин оҷонсӣ, дар моҳи январи соли ҷорӣ дар Русия 192,95 ҳазор кас фавтида, 103,78 ҳазор тифл ба дунё омадааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...