Думаи давлатӣ пешниҳод кардааст, ки ба русзабонҳо ба таври автоматӣ шаҳрвандӣ дода шавад

Як узви кумитаи палатаи поёнии порлумони Русия ба Думаи давлатӣ пешниҳод кардааст, ки ба русзабонҳо новобаста аз он ки аз куҷо ҳастанд ба таври автоматӣ ё худкор шаҳрвандии Русия дода шавад. Ин пешниҳодро Евгений Федоров узви кумитаи палатаи поёнии порлумон оид ба буҷет ва андоз ба Думаи давлатӣ додааст ва гуфтааст “чунин тадбир шумораи аҳолии […]

Як узви кумитаи палатаи поёнии порлумони Русия ба Думаи давлатӣ пешниҳод кардааст, ки ба русзабонҳо новобаста аз он ки аз куҷо ҳастанд ба таври автоматӣ ё худкор шаҳрвандии Русия дода шавад.

Ин пешниҳодро Евгений Федоров узви кумитаи палатаи поёнии порлумон оид ба буҷет ва андоз ба Думаи давлатӣ додааст ва гуфтааст “чунин тадбир шумораи аҳолии мамлакати моро пурра мекунад”. Ӯ дар ин бора дар суҳбат бо радиои “Говорит Москва” хабар дода? изҳор доштааст, ки шаҳрвандии Русия ба касоне, ки забони русиро донад ва барои ӯ ин забон ҳамчун забони модариаш аст ва новобаста аз он ки ӯ аз куҷост бояд ба таври худкор ё автоматӣ дода шавад.

«Ба мо зарур аст бояд, шумораи аҳолиро пурра кунем. Барои ин фаъолсозии механизмҳои таърихии шахсияти русҳо, ба истилоҳ русикунониро дохил кардан лозим аст. Моҳияти ин механизм дар он мебошад, ки ҳар фарде, ки аз таваллуд ба забони русӣ ҳарф мезанад, рус ҳисобида мешавад ва мувофиқан бояд ба таври худкор шаҳрвандиро бигирад. Набояд санадҳо ҷамъоварӣ кард, агар шахс бо забони русӣ гуфтугӯ кунад, барои ӯ ин забони модариаш аст, бояд ӯ ба таври автоматӣ новобаста аз он ки аз куҷост шаҳрвандӣ бигирад”,-пешниҳод кардааст Евгений Федоров

Пешниҳоди ин узви кумитаи палатаи поёнии порлумони Русия дар ҳолест, ки бино ба иттилои Оҷонсии омор и Русия “Росстат” коҳиши табии аҳолии ин кишвар дар моҳи январ 89,2 ҳазор нафарро ташкил дод. Ин ба фарқ аз ҳамин давраи соли гузашта 21,2% камтар аст. Бино ба маълумоти ин оҷонсӣ, дар моҳи январи соли ҷорӣ дар Русия 192,95 ҳазор кас фавтида, 103,78 ҳазор тифл ба дунё омадааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.