Тоҷикистону Украина дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ карданд

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Охири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Киев вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода бо муовини вазири корҳои хориҷии Украина Дмитрий Сеник доир гардид.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор дода, ба таҳким ва рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Украина дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин  робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, гуманитарӣ ва тавсеаи минбаъдаи заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

Таъкид гардид, ки ҷиҳати рушду тавсеаи муносибату ҳамкориҳои ду кишвари дӯст корҳои зиёд сурат гирифтанд ва натиҷаҳои соли сипаришуда мусбат арзёбӣ шуданд.

Қобили зикр аст, ки тӯли 30 соли соҳибистиқлолии давлатҳо байни Тоҷикистон ва Украина ҳудуди 90 санади ҳамкории дуҷониба ба имзо расидааст.

Дар маҷмӯи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ бахши энергетика мавқеи назаррас дошта, ҷонибҳо дар соҳаи сохтмону навсозии неруҳои барқии обии Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунанд. Корхона ва мутахассисони Украина дар бунёди иншооти муҳими Тоҷикистон – неругоҳи барқи обии Роғун фаъолона иштирок мекунанд.

Муносибатҳо дар соҳаи фарҳангу гуманитарӣ низ босуръат инкишоф ёфта, дар мактабҳои олии Украина бо таваҷҷӯҳ ба тамоюли муҳандисию техникӣ барои Тоҷикистон кадрҳои баландихтисос омода карда мешаванд.

Тоҷикистон ва Украина дар доираи СММ, САҲА ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ҳамкории фаъол доранд. Соли 2016 Украина дар қатори 177 кишвари узви Созмони Милал аз қатънома бо ибтикори Тоҷикистон дар Маҷмаи Умумӣ – “Даҳсолаи байналмилалии амал  “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” пуштибонӣ кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...