Тоҷикистону Украина дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ карданд

Охири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Киев вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода бо муовини вазири корҳои хориҷии Украина Дмитрий Сеник доир гардид. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор дода, ба таҳким ва рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Украина дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин  […]

Охири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Киев вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода бо муовини вазири корҳои хориҷии Украина Дмитрий Сеник доир гардид.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор дода, ба таҳким ва рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Украина дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин  робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, гуманитарӣ ва тавсеаи минбаъдаи заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

Таъкид гардид, ки ҷиҳати рушду тавсеаи муносибату ҳамкориҳои ду кишвари дӯст корҳои зиёд сурат гирифтанд ва натиҷаҳои соли сипаришуда мусбат арзёбӣ шуданд.

Қобили зикр аст, ки тӯли 30 соли соҳибистиқлолии давлатҳо байни Тоҷикистон ва Украина ҳудуди 90 санади ҳамкории дуҷониба ба имзо расидааст.

Дар маҷмӯи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ бахши энергетика мавқеи назаррас дошта, ҷонибҳо дар соҳаи сохтмону навсозии неруҳои барқии обии Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунанд. Корхона ва мутахассисони Украина дар бунёди иншооти муҳими Тоҷикистон – неругоҳи барқи обии Роғун фаъолона иштирок мекунанд.

Муносибатҳо дар соҳаи фарҳангу гуманитарӣ низ босуръат инкишоф ёфта, дар мактабҳои олии Украина бо таваҷҷӯҳ ба тамоюли муҳандисию техникӣ барои Тоҷикистон кадрҳои баландихтисос омода карда мешаванд.

Тоҷикистон ва Украина дар доираи СММ, САҲА ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ҳамкории фаъол доранд. Соли 2016 Украина дар қатори 177 кишвари узви Созмони Милал аз қатънома бо ибтикори Тоҷикистон дар Маҷмаи Умумӣ – “Даҳсолаи байналмилалии амал  “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” пуштибонӣ кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.