Толибон нагузоштаанд, ки Ҳомид Карзай ба маросими фотиҳахонии Шайх Халифа, раиси Имороти Муттаҳидаи Арабӣ биравад

Date:

Толибон нагузоштаанд, ки Ҳомид Карзай ба маросими фотиҳахонии Шайх Халифа, раиси ҳукумати Имороти Муттаҳидаи Арабӣ биравад. Дар ин бора Афғонистон Интернейшнл бо такя ба манобеяш дар даруни "Толибон" хабар ждодааст. 

Ба иттилои манбаъ, қарор буд Карзай рӯзи шанбеи 14-уми май ба Дубай парвоз кунад ва дар маросими фотиҳахонии Шайх Халифа бин Зоид ал-Наҳён дар Абу Забӣ ширкат кунад. 

Гуфта мешавад, ки масъалаи сафари Ҳомид Карзай қаблан бо вазорати хориҷаи Толибон ҳамоҳанг шуда будааст, вале дар ниҳоят Толибон нагузоштаанд, ки Карзай Кобулро тарк кунад. 

Дар Ҳамин Ҳол на Карзай ва на ҳукумати Толибон ин мавзуъро шарҳ надодаанд. 

Пештар расонаҳои Афғонистон бо такя ба манбаъҳои дипломатӣ хабар дода буданд, ки Абуддулоҳ Абдуллоҳ, раиси пешини Шӯрои оли сулҳи Афғонистон ва Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини ин кишвар аз сӯйи "Толибон" ба ҳабси хонагӣ гирифта шудаанд ва ҳаққи ба хориҷ аз Афғонистон сафар карданро надоранд. 

Худи Карзай дар як мусоҳибае бо як шабакаи телевизиони Эрон ин маҳдудиятро ҳам таъйид карда буд. 

Аммо Абдуллоҳ Абдуллоҳ саранҷом тавонист аз Афғонистон ба хориҷ сафар кунад. Ӯ дар рӯхҳои Иди Фитр зимни паёми табрикие гуфт, ки имсол идро берун аз Афғонистон ҷашн мегирад, аммо Абдуллоҳ дар мавриди ҷузъиёти сафараш ба берун ва наҳваи берун рафтанаш аз Афғонистон чизи дигаре нагуфта буд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...