Толибон нагузоштаанд, ки Ҳомид Карзай ба маросими фотиҳахонии Шайх Халифа, раиси Имороти Муттаҳидаи Арабӣ биравад

Толибон нагузоштаанд, ки Ҳомид Карзай ба маросими фотиҳахонии Шайх Халифа, раиси ҳукумати Имороти Муттаҳидаи Арабӣ биравад. Дар ин бора Афғонистон Интернейшнл бо такя ба манобеяш дар даруни "Толибон" хабар ждодааст.  Ба иттилои манбаъ, қарор буд Карзай рӯзи шанбеи 14-уми май ба Дубай парвоз кунад ва дар маросими фотиҳахонии Шайх Халифа бин Зоид ал-Наҳён дар Абу Забӣ […]

Толибон нагузоштаанд, ки Ҳомид Карзай ба маросими фотиҳахонии Шайх Халифа, раиси ҳукумати Имороти Муттаҳидаи Арабӣ биравад. Дар ин бора Афғонистон Интернейшнл бо такя ба манобеяш дар даруни "Толибон" хабар ждодааст. 

Ба иттилои манбаъ, қарор буд Карзай рӯзи шанбеи 14-уми май ба Дубай парвоз кунад ва дар маросими фотиҳахонии Шайх Халифа бин Зоид ал-Наҳён дар Абу Забӣ ширкат кунад. 

Гуфта мешавад, ки масъалаи сафари Ҳомид Карзай қаблан бо вазорати хориҷаи Толибон ҳамоҳанг шуда будааст, вале дар ниҳоят Толибон нагузоштаанд, ки Карзай Кобулро тарк кунад. 

Дар Ҳамин Ҳол на Карзай ва на ҳукумати Толибон ин мавзуъро шарҳ надодаанд. 

Пештар расонаҳои Афғонистон бо такя ба манбаъҳои дипломатӣ хабар дода буданд, ки Абуддулоҳ Абдуллоҳ, раиси пешини Шӯрои оли сулҳи Афғонистон ва Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини ин кишвар аз сӯйи "Толибон" ба ҳабси хонагӣ гирифта шудаанд ва ҳаққи ба хориҷ аз Афғонистон сафар карданро надоранд. 

Худи Карзай дар як мусоҳибае бо як шабакаи телевизиони Эрон ин маҳдудиятро ҳам таъйид карда буд. 

Аммо Абдуллоҳ Абдуллоҳ саранҷом тавонист аз Афғонистон ба хориҷ сафар кунад. Ӯ дар рӯхҳои Иди Фитр зимни паёми табрикие гуфт, ки имсол идро берун аз Афғонистон ҷашн мегирад, аммо Абдуллоҳ дар мавриди ҷузъиёти сафараш ба берун ва наҳваи берун рафтанаш аз Афғонистон чизи дигаре нагуфта буд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.