Байни Душанбе ва Қазон хатсайри нави ҳавоӣ роҳандозӣ мешавад

Ширкати ҳавопаймоии Nordwind-и Русия мусофиронро ба хатсайри нави мустақими ҳавоӣ аз Қазон (Тотористон) ба Душанбе даъват мекунад, хабар медиҳад дафтари матбуоти фурудгоҳи Қазон. Гуфта мешавад, ширкати Nordwind бори нахуст ба анҷом додани парвозҳо ба ин масир оғоз мекунад. Ба иттилои манбаъ, парвозҳо бо ҳавопаймои бароҳати Airbus А321neo бо 218 ҷойи нишаст шуруъ аз 26 май […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Ширкати ҳавопаймоии Nordwind-и Русия мусофиронро ба хатсайри нави мустақими ҳавоӣ аз Қазон (Тотористон) ба Душанбе даъват мекунад, хабар медиҳад дафтари матбуоти фурудгоҳи Қазон.

Гуфта мешавад, ширкати Nordwind бори нахуст ба анҷом додани парвозҳо ба ин масир оғоз мекунад.

Ба иттилои манбаъ, парвозҳо бо ҳавопаймои бароҳати Airbus А321neo бо 218 ҷойи нишаст шуруъ аз 26 май рӯзҳои панҷшанбеи ҳафта иҷро карда мешаванд. Вақти парвоз ҳудуди 3,5 соатро ташкил медиҳад.

Аз Қазон парвозҳо соати 03:05-и вақти маҳаллӣ ва замони расидан ба Душанбе соати 08:30-и вақти маҳаллӣ буда, парвози бозгашт аз Душанбе соати 10:00 ва расидан ба Қазон – соати 11:45 зикр мешавад.

Зикр мешавад, ки барои ҳар кадоме аз фурудгоҳҳо вақти маҳаллӣ нишон дода шуда, вақти Душанбе дар муқоиса ба Маскав 2 соат пештар аст.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин барои анҷоми парвозҳои трансферии Маскав – Душанбе бо бознишасти қулай дар Қазон имкон мавҷуд аст.

Дар ширкат зикр мекунанд, ки дар ҷадвали парвозҳо баъзан тағйирот сурат гирифта метавонад.

Дар бораи нархи парвозҳо дар сомонаи ширкат маълумот дода намешавад. То замони нашри хабар тамос гирифтан бо Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ муяссар нашуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.