Обуҳавои Тоҷикистон дар моҳи июн: ҳарорат баъзан то 45 дараҷа гарм мешавад

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Моҳи июн қариб дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои хеле гарм пешбинӣ мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори шуъбаи пешгӯиҳои метеорологии Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ Саттор Саидов.

Обуҳавошиносон огоҳ мекунанд, ки дар баъзе минтақа ва ноҳияҳо ҳарорати миёнаи моҳона 1-2 дараҷа зиёдтар аз меъёри иқлимӣ пешбинӣ шудааст.

Обуҳаво аз ҳама бештар дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи марказ гарм мешавад.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, дар ин ҷо ҳарорати миёнаи моҳона дар водиҳо 25-30 ва дар навоҳии доманакӯҳ – 22-24 дараҷа гарм мешавад.

Нимаи аввали моҳ тағйирёбии ҳарорат шабона аз 14-19 то 20-25 дараҷа гарм, рӯзона дар сатҳи аз 27-32 то 32-37 дараҷа гарм, дар ҷануб – то 40 дараҷа гарм дар назар аст. Дар доманакӯҳҳо тағйирёбии ҳарорат рӯзона аз 23-28 то 28-33 дараҷа гарм ва шабона аз 10-15 то 13-18 дараҷа гарм пешбинӣ мешавад.

Нимаи дуюми моҳ болоравии ҳарорат шабона то 20-25, рӯзона – 35-40 дараҷа гарм, дар ҷануб баъзан то 44 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 15-20 ва рӯзона – 31-36 дараҷа гарм пешбинӣ мешавад.

Боришоти моҳона поинтар ва баъзан дар ҳадди меъёри иқлимӣ дар водиҳои ноҳияҳои тобеи марказ (меъёр – 6-6,2 мм), вилояти Хатлон (меъёр – 2-8 мм), ноҳияҳои доманакӯҳ (меъёр – 12-21 мм) дар назар аст.

Боронҳои кӯтоҳмуддат бо шиддати гуногун ва раъду барқ бештар дар аввал ва нимаи моҳ эҳтимоли зиёд доранд.

Дар даҳаи дуюм ва сеюми моҳ пурзӯр шудани суръати вазиши шамол аз самти ғарб то 15-20 м/с, инчунин тӯфони чангу ғубор аз эҳтимол дур нест.

Дар Душанбе ҳарорати миёнаи моҳона дар ҳадди меъёри иқлимӣ дар назар буда, 25-30 дараҷа гарм мешавад.

Нимаи аввали моҳ чунин обуҳаво пешбинӣ мешавад: шабона 14-19 дараҷа гарм, рӯзона – аз 27-32 то 32-37 дараҷа гарм. Нимаи дуюми моҳ болоравии ҳарорат шабона то 20-25 ва рӯзона – то 35-40 дараҷа гарм пешбинӣ шудааст.

Боришот дар ин давра дар сатҳи меъёрӣ иқлимӣ (6,2 мм) пешгӯӣ мешавад.

Боронҳои кӯтоҳмуддати начандон зиёд ва раъду барқ бештар дар аввал ва нимаи моҳ эҳтимоли зиёд доранд.

Пурзӯр шудани суръати вазиши шамол аз самти ғарб то 12-17 м/с аз эҳтимол дур нест.

Дар вилояти Суғд ҳарорати миёнаи моҳона дар сатҳи меъёри иқлимӣ ва баъзан 1 дараҷа зиёдтар аз он дар назар буда, ҳарорат дар водиҳо 25-27 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ – 12-16 дараҷа гарм мешавад.

Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорат дар назар аст: шабона 12-17 дараҷа гарм, рӯзона – аз 28-33 то 34-39 дараҷа гарм, дар кӯҳҳо шабона аз 8-13 то 11-16 дараҷа гарм ва рӯзона – аз 15-20 то 21-26 дараҷа гарм.

Боришоти моҳона дар ҳадди меъёр ва баъзан зиёдтар аз меъёр (меъёр: дар водиҳо 5-15 мм, дар кӯҳҳо – 21-35 мм) дар назар аст.

Боронҳои кӯтоҳмуддат бо шиддати гуногун ва раъду барқ дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ бештар дар даҳаи аввал ва дуюми моҳ эҳтимоли зиёд доранд. Баъзе рӯзҳо суръати шамол то 15-20м/с пурзӯр мешавад.

Дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ ва ноҳияҳои ғарби ВМКБ ҳарорати миёнаи моҳона 16-21 дараҷа гарм шуда, баъзан 1 дараҷа поинравии ҳарорат аз меъёри иқлимӣ ба мушоҳида мерасад.

Нимаи аввали моҳ тағйирёбии ҳарорат дар назар аст: шабона аз 7-12 то 12-17 дараҷа гарм, рӯзона – аз 18-23 то 21-26 дараҷа гарм ва баъзан то 30 дараҷа гарм.

Нимаи дуюми моҳ болоравии ҳарорат шабона то 10-15 дараҷа, баъзан то 19-21 дараҷа гарм, рӯзона – 27-32 ва баъзан то 35-37 дараҷа гарм пешбинӣ мешавад.

Боришоти миёнаи моҳона аз меъёр зиёд мешавад (меъёр дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ 32-35 мм, дар ғарби ВМКБ – 6-16 мм).

Давоми моҳ аз боришоти шиддати гуногун бо раъду барқ интизорӣ меравад. Дар рӯзҳои боқимонда баъзан суръати шамол аз ғарб то 15-20 м/с бо тӯфони чангу ғубор пешгӯӣ мешавад.

Дар ноҳияҳои минтақаи шарқи ВМКБ ҳарорати миёна дар моҳи июн 5-10 дараҷа гарм шуда, баъзан сатҳи ҳарорат 1 дараҷа боло меравад.

Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорат пешбинӣ мешавад: шабона аз 0-5 то 5-10 дараҷа ва рӯзона – аз 11-16 то 18-23 дараҷа гарм.

Боришот баъзан дар ҳадди болотар аз меъёр (8-16 мм) дар назар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...