Дар бархе аз маҳаллаҳои Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мешавад

Шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад, ки ба далели пайваст намудани яке аз қубурҳо дар кӯчаи Фирдавсии Душанбе интиқоли об ба бархе аз маҳаллаҳои Душанбе муваққатан қатъ мешавад. Шаҳрдории Душанбе аз сокинон ва меҳмонони пойтахт хостааст, ки барои худ миқдори оби зарурӣ захира кунанд. Дар хабарномаи шаҳрдории Душанбе омадааст, ки "бо мақсади пайваст намудани шоҳқубури хобонидашудаи қутраш […]

Шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад, ки ба далели пайваст намудани яке аз қубурҳо дар кӯчаи Фирдавсии Душанбе интиқоли об ба бархе аз маҳаллаҳои Душанбе муваққатан қатъ мешавад. Шаҳрдории Душанбе аз сокинон ва меҳмонони пойтахт хостааст, ки барои худ миқдори оби зарурӣ захира кунанд.

Дар хабарномаи шаҳрдории Душанбе омадааст, ки "бо мақсади пайваст намудани шоҳқубури хобонидашудаи қутраш 600 мм  ба шоҳқубури амалкунанда дар кӯчаи Фирдавсӣ  интиқоли оби нӯшокӣ дар баъзе маҳаллаҳои ноҳияи Сино ва Фирдавсии пойтахт аз соати 23:00-и 18 май то соати 24:00-и 19 май муваққатан қатъ мегардад".

Гуфта мешавад интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди ноҳияи Сино: маҳаллаҳои Чортут, Сомон, хиёбони Борбад (аз кӯчаи Фирдавсӣ то шаҳраки Гипрозем), кӯчаҳои Камонгарон, Наҳимов, Мир, Юсуф Вафо, П.Сулаймонӣ, Тургенев, Р.Набиев, Ханжин, Балъамӣ, Қаҳҳорӣ ва шаҳраки П.Нахимов; ноҳияи Фирдавсӣ: шаҳракҳои 61, 62, 63, 64, 65, маҳаллаҳои Крупский, Сомон, Гулбутта 1-2, Машал муваққатан қатъ мегардад.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ раисони ноҳияҳои Синову Фирдавсӣ ва  корхонаи «Обу корези Душанбе»-ро вазифадор кардааст, бо истифода аз мошинҳои обкаш сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин кунанд.

Ҳамчунин ба Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе дастур шудааст, ки дар ин муддат таъмин кардани аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботи санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.