Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба марҳилаи 2-юми барқаросозии НБО “Норак” созишнома имзо карданд

Asia-Plus

Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ Созишнома оид ба маблағгузории Лоиҳаи барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак», марҳилаи II-ро бо арзиши 65 млн доллар (бар асоси грант) ба имзо расониданд.

Санад рӯзи 18 май аз ҷониби вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси ШСХК “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимлӣ имзо шуд, хабар дода мешавад дар сомонаи расмии Вазорати молияи ҷумҳурӣ.

Ёдрас мекунем, ки ҷудо кардани ин маблағро охири моҳи декабри соли гузашта Шӯрои мудирони Бонки ҷаҳонӣ маъқул шуморида буд.

Татбиқи марҳилаи I лоиҳаи барқарорсозии неругоҳи Норак бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ ($225,7 млн), Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ ($60 млн) ва Бонки аврусоёии рушд ($40 млн) моҳи марти соли 2019 оғоз гардида буд.

Марҳилаи якуми лоиҳа аз 4 қисм – иваз кардани 3 агрегат ва таҷҳизоти ёрирасони онҳо, инчунин автотрансформаторҳо (6 адад автотрансформаторҳои якфазаи 220/500кВ) ва таъмини бехатарии садд иборат буда, муҳлати татбиқи он давоми 5 сол (солҳои 2019-2023) пешбинӣ шудааст.

Марҳилаи дуюми лоиҳа (то соли 2028) бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ (50 млн доллар моҳи июни соли 2020 тасдиқ шуд) таҷдиди 6 агрегати боқимонда ва таҷҳизоти ёрирасони неругоҳро дар бар мегирад. Дар доираи он имконоти ҳайати шахсии неругоҳи Норак ва ШСХК “Барқи тоҷик” баҳри пурзӯр кардани мониторинги бехатарии сарбанд, истифода ва идоракунии иншооти гидротехникӣ тақвият дода мешавад.

То имрӯз барои маблағгузории марҳилаи 1-уми лоиҳа 326,9 млн доллар, аз ҷумла 169,1 млн доллар ба сифати қарз ва 57,8 млн доллар – ба сифати грантҳои Бонки ҷаҳонӣ ҷалб шудааст.

Неругоҳи барқи обии “Норак” ҳудуди 50% аз ҳаҷми умумии талабот ба барқро дар Тоҷикистон таъмин намуда, қисмати зиёди онро ба хориҷи кишвар ҳам интиқол медиҳад. Бар асари мушкили техникӣ, тайи чор даҳсолаи ахир  иқтидори дар аввал муқарраршудаи неругоҳ аз 3,000 мегаватт то 2,320 мегаватт кам шуд. Аз замони мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан давоми солҳои 1972-1979 айни замон дар иншоот бори нахуст корҳои асосии таъмиру барқарорсозӣ гузаронида мешаванд.

Пас аз анҷоми корҳои таъмиру барқарорсозӣ иқтидори неругоҳ то 3,217 мегаватт боло бурда шуда, ба беҳбуди таъминот бо барқ дар мавсими зимистон ва афзоиши даромад аз тавсеъаи содироти он дар мавсими тобистон мусоидат менамояд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...