Кордори сафорати Русия: Тоҷикистон барои ҳифзи кишвар воситаҳои кофии дифои ҳавоӣ дорад

Asia-Plus

Неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии Тоҷикистон дорои низомҳои дифои ҳавоӣ мебошад, ки иқтидори онҳо ҳифзи кишварро пурра таъмин мекунанд, изҳор дошт дар мизи гирди “СПАД омили муҳими таъмини амнияти минтақавӣ” кордори масъули бахши низомӣ ва низомиву ҳарбии назди сафорати Русия дар Тоҷикистон Николай Ким. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар медиҳад.

“Ҳайати Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз неруҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва дифои ҳавоӣ иборат аст, ки бо воситаҳои дифои ҳавоӣ муҷаҳҳаз буда, хусусиятҳои онҳо имкон медиҳанд, ки фазо пурра зери ҳимоя гирифта шавад”, – таъкид доштааст кордори сафорат.

Ба гуфтаи ӯ, кишварҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон он гуна зарфияти низомӣ надоранд, ки нерӯҳои дифоъи ҳавоии ин кишвар аз ӯҳдаи ҳимоят аз он баромада натавонанд.

“Ҳимояти фазои ҳавоии ҷумҳурӣ ҷойи нигаронӣ надорад”, – чунин мешуморад Николай Ким.

Номбурда шарҳ додааст, ки дар доираи созишнома байни Тоҷикистон ва Русия имзошуда, ҷумҳурӣ ба низоми минтақавии дифои ҳавоӣ ҳамроҳ мешавад ва ин низом бо ҳамаи воситаҳои муосир муҷаҳҳаз аст.

“Бо имзои созишнома  дарк мекунем, ки неруҳои ҳарбии ҳавоӣ ва дифои ҳавоии Тоҷикистон бояд бо воситаҳои муосир таъмин бошанд ва ҳозир дар яке аз машқгоҳҳи кишвар аллакай комплексҳои С-300 ҷойгир шудаанд”, – гуфтааст ӯ.

Бино ба маълумоти Ким, намояндагони Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз як давраи пурраи омӯзиш дар Русия гузашта, ин навъи техникаро истифода бурда метавонанд ва ояндаи наздик комплексҳои С-300 ба тавозуни Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ гузаронида мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки Созишнома байни Тоҷикистон ва Русия дар бораи ташкили низоми муттаҳидаи минтақавии дифои ҳавоӣ 27 апрели соли 2021 дар Душанбе аз ҷониби вазирони мудофиаи кишварҳо Шералӣ Мирзо ва Сергей Шойгу имзо шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...