Кордори сафорати Русия: Тоҷикистон барои ҳифзи кишвар воситаҳои кофии дифои ҳавоӣ дорад

Неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии Тоҷикистон дорои низомҳои дифои ҳавоӣ мебошад, ки иқтидори онҳо ҳифзи кишварро пурра таъмин мекунанд, изҳор дошт дар мизи гирди “СПАД омили муҳими таъмини амнияти минтақавӣ” кордори масъули бахши низомӣ ва низомиву ҳарбии назди сафорати Русия дар Тоҷикистон Николай Ким. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар медиҳад. “Ҳайати Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз неруҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ […]

Неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии Тоҷикистон дорои низомҳои дифои ҳавоӣ мебошад, ки иқтидори онҳо ҳифзи кишварро пурра таъмин мекунанд, изҳор дошт дар мизи гирди “СПАД омили муҳими таъмини амнияти минтақавӣ” кордори масъули бахши низомӣ ва низомиву ҳарбии назди сафорати Русия дар Тоҷикистон Николай Ким. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар медиҳад.

“Ҳайати Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз неруҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва дифои ҳавоӣ иборат аст, ки бо воситаҳои дифои ҳавоӣ муҷаҳҳаз буда, хусусиятҳои онҳо имкон медиҳанд, ки фазо пурра зери ҳимоя гирифта шавад”, – таъкид доштааст кордори сафорат.

Ба гуфтаи ӯ, кишварҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон он гуна зарфияти низомӣ надоранд, ки нерӯҳои дифоъи ҳавоии ин кишвар аз ӯҳдаи ҳимоят аз он баромада натавонанд.

“Ҳимояти фазои ҳавоии ҷумҳурӣ ҷойи нигаронӣ надорад”, – чунин мешуморад Николай Ким.

Номбурда шарҳ додааст, ки дар доираи созишнома байни Тоҷикистон ва Русия имзошуда, ҷумҳурӣ ба низоми минтақавии дифои ҳавоӣ ҳамроҳ мешавад ва ин низом бо ҳамаи воситаҳои муосир муҷаҳҳаз аст.

“Бо имзои созишнома  дарк мекунем, ки неруҳои ҳарбии ҳавоӣ ва дифои ҳавоии Тоҷикистон бояд бо воситаҳои муосир таъмин бошанд ва ҳозир дар яке аз машқгоҳҳи кишвар аллакай комплексҳои С-300 ҷойгир шудаанд”, – гуфтааст ӯ.

Бино ба маълумоти Ким, намояндагони Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз як давраи пурраи омӯзиш дар Русия гузашта, ин навъи техникаро истифода бурда метавонанд ва ояндаи наздик комплексҳои С-300 ба тавозуни Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ гузаронида мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки Созишнома байни Тоҷикистон ва Русия дар бораи ташкили низоми муттаҳидаи минтақавии дифои ҳавоӣ 27 апрели соли 2021 дар Душанбе аз ҷониби вазирони мудофиаи кишварҳо Шералӣ Мирзо ва Сергей Шойгу имзо шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.