Дар як ҳафта се парвоз. “Сомон Эйр” шумори парвозҳои Душанбе – Истанбулро зиёд кард

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Шурӯъ аз 5 июни соли равон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар масири Душанбе-Истанбул –Душанбе дар як ҳафта се парвоз анҷом медиҳад. Ин парвозҳо рӯзҳои сешанбе, ҷумъа ва якшанбе сурат хоҳанд гирифт. Дар ин бора ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хабар медиҳад.

Манбаъ гуфт, парвозҳо дар ин масир тавассути ҳавопаймоҳои “Boeing 737-800” ва “Boeing 737-900” ба анҷом расида, вақти парвоз аз Душанбе соати 06:10 ва нишаст дар фурудгоҳи Истанбул 09:35 ба вақти маҳаллӣ мебошад.

– Дар самти баргашт парвоз аз Истанбул соати 10:45 сурат гирифта, дар Душанбе ҳавопаймои ширкат соати 17:45 ба вақти маҳаллӣ менишинад, – афзуданд аз ин ширкат.

Дар сомонаи расмии ширкати “Сомон Эйр” нархи чиптаи ҳавопаймо барои парвози рӯзи 5 июн ба самти Душанбе-Истанбул 337 евро дар “эконом-класс” ва 507 евро дар “бизнес-класс” нишон дода шудааст. Нархи бозгаштбарои мусофирон дар “эконом-класс” 280 евро ва дар бизнес-класс 530 евро арзиш дорад.

Қобили зикр аст, ки сар аз 21 май ширкати ҳавопаймоии туркии Turkish Airlines, ки низ дар масири Душанбе-Истанбул парвозҳо анҷом медиҳад, теъдоди парвозҳояшро  афзоиш дод: рӯзҳои душанбе, панҷшанбе ва шанбе аз Душанбе ба Истанбул ва рӯзҳои якшанбе, чоршанбе ва ҷумъа аз Истамбул ба Душанбе. Вақти парвоз аз Душанбе 05:25, аз Истамбул ба Душанбе  соати 20-45 ба вақти маҳаллӣ.

Мусофирони аз Душанбе ба Истанбул сафардошта (аз 6-сола боло), аз ҷумла мусофирони транзитӣ тибқи талабот бояд шаҳодатномаи ваксинатсия (ба забони аглисӣ) ва ё маълумотномаи гузаштани ПСР-тести COVID-19-ро бо натиҷаи манфӣ (бо забони англисӣ), ки давоми 72 соати пеш аз вуруд ба Туркия дода шудааст, пешниҳод намоянд.

Мусофирони аз Истанбул ба Душанбе сафаркунанда пеш аз парвоз бояд шаҳодатномаи ПСР-тестро бо натиҷаи манфии санҷиши COVID-19, ки давоми 72 соати пеш аз вуруд ба қаламрави Тоҷикистон дода шудааст, пешниҳод намоянд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди ПСР-тест озод мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...