Зане, ки банкоматҳои “Душанбе сити”-ро бо санг зада шикаст, дастгир шуд

Зане, ки “бонкомат”- ҳои ширкати “Душанбе сити”–ро бо санг зада шикаста буд, дастгир шудааст. Мақомот мегӯянд, ӯ бо нишони эътироз ба далели надоштани маблағ ин корро кардааст, вале аз“Душанбе сити” гуфтанд, дар он замон бонкоматаҳояшон пул дошт. Дар наворе, ки як ҳафта пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, дида мешавад, ки як зан бо нишони […]

Зане, ки “бонкомат”- ҳои ширкати “Душанбе сити”–ро бо санг зада шикаста буд, дастгир шудааст. Мақомот мегӯянд, ӯ бо нишони эътироз ба далели надоштани маблағ ин корро кардааст, вале аз“Душанбе сити” гуфтанд, дар он замон бонкоматаҳояшон пул дошт.

Дар наворе, ки як ҳафта пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, дида мешавад, ки як зан бо нишони эътироз ду бонкомати “Душанбе сити”-ро  бо санг мезанад. Шоҳидони ҳодиса мегуфтанд, ки ин зан бо нишони эътироз ба далели надоштани маблағ дар бонкомат онҳоро зада шикастааст.

Ин делалро Раёсати корҳои дохили шаҳри Душанбе ба “Азия–Плюс” низ тасдиқ кард. Вале  аз ширкати “Душанбе сити” ба мо  гуфтанд, замоне, ки ин зан бонкоматҳоро зад, дар онҳо маблағ буд.

– Сабаби даст ба ин кор задани ин зан маълум нест. Он замон  дар ин банкоматҳо маблағ буд. Ин занро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт кардаанд, – гуфтанд аз “Душанбе сити”.

Дар ҳамин ҳол, аз РВКД шаҳри Душанбе аз ин зан Меҳрафрӯз Муминоваи 35-сола, сокини деҳаи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Темурмалик  ном мебирад ва мегӯяд, ки ӯ, “рӯзи 18-уми майи соли ҷорӣ аз сабаби надоштани маблағ асабонӣ шуда, ба воситаи санг ду адад дастгоҳи худкори бонкии (банкомат) ҶДММ «Душанбе сити»-ро дар кӯчаи С.Айнии ноҳияи Шоҳмансур зада корношоям кардааст”.

– Дар ҳаракатҳои номбурда, ки қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк дида мешавад, барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ тибқи талаботи моддаи 255 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи лозим тартиб дода шуда, мавриди санҷиши пешакӣ қарор дорад,-гуфтанд аз РВКД шаҳри Душанбе.

Бо нишони эътироз бо санг зада корношоям кардани бонкоматҳои яке аз ташкилотҳои қарзӣ дар ҳолест, ки сокинони кишвар ба таври ҳамешагӣ аз набудавни маблағ дар бонкоматҳо шикоят мекунанд.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.