Пойфишории Русия барои маҳдуд кардани содироти гандум аз Итттиҳоди Авруосиё ба кишварҳои дигар

Русия 20 май дар ҷаласаи Комиссияи иқтисодии Авруосиё исрор кардааст, ки аъзои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) барои содироти ғалла ба кишварҳои севум квота ва боҷи гумрукӣ ҷорӣ кунанд. Бино ба навиштаи нашрияи русии "Коммерсант", Қазоқистон зидди ин пешниҳод баромада, алоқамандии худро барои афзоиши содирот ба хориҷ баён доштааст. Нашрия менависад, ки Русия аз харид ва […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Русия 20 май дар ҷаласаи Комиссияи иқтисодии Авруосиё исрор кардааст, ки аъзои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) барои содироти ғалла ба кишварҳои севум квота ва боҷи гумрукӣ ҷорӣ кунанд.

Бино ба навиштаи нашрияи русии "Коммерсант", Қазоқистон зидди ин пешниҳод баромада, алоқамандии худро барои афзоиши содирот ба хориҷ баён доштааст.

Нашрия менависад, ки Русия аз харид ва фурӯши дубораи гандумҳои худ ба кишварҳои севум дар ҳарос аст ва бинобар ин аз аъзои ИИАО талаб дорад, ки ба содироти гандум маҳдудият ҷорӣ намоянд.

Ба иттилои манбаъ, Русия баҳорси соли равон дар пасманзари афзоиши харидории гандумҳои Сибир аз сӯи Қазоқистон содироти ғаларо ба кишварҳои ИИАО муваққатан манъ кард ва ин норозигии Қазоқистонро ба бор овард. Қазоқистон низ дар посух ба содироти орду гандум квота ҷорӣ намуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.