Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири СҲШ пешниҳоди Тоҷикистон барои таъсиси Маркази зидди маводи мухаддири СҲШ-ро баррасӣ кард

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли тозатаъини Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой Чжан Мин масъалаи пешниҳоди Тоҷикистон дар мавриди ташкили Маркази зидди маводи мухаддири СҲШ-ро баррасӣ кардаанд. Ин мулоқот рӯзи 23-юми май да Душанбе сурат гирифт. Тоҷикистон мехоҳад ин Маркази СҲШ дар Душанбе таъсис шавад.  Эмомалӣ Раҳмон  моҳи июни соли 2019  дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Бишкек […]

Asia-Plus

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли тозатаъини Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой Чжан Мин масъалаи пешниҳоди Тоҷикистон дар мавриди ташкили Маркази зидди маводи мухаддири СҲШ-ро баррасӣ кардаанд. Ин мулоқот рӯзи 23-юми май да Душанбе сурат гирифт.

Тоҷикистон мехоҳад ин Маркази СҲШ дар Душанбе таъсис шавад. 

Эмомалӣ Раҳмон  моҳи июни соли 2019  дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Бишкек пешниҳод карда буд, ки дар доираи СҲШ  созмони алоҳидае барои мубориза алайҳи гардиши маводи мухаддир таъсис дода шавад. 

Он замон Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норов гуфта буд, ки дар ростои андешидани тадбирҳои зарурӣ дар роҳи мубориза бо таҳдидҳои марбут ба маводи мухаддир, сарони кишварҳои узви СҲШ зарур медонанд, ки пешнависи Консепсияи бунёди Маркази зидди маводи мухаддири СҲШ дар Душанбе таҳия  шавад.

Аммо Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди ҷузъиёти дигари масъалаи таъсиси ин Марказ маълумоти дигаре аз мулоқот бо Дабири тозатаъини СҲШ ироа накардааст.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон бо Чжан Мин иҷроӣ шудани амалии Стратегияи рушди СҲШ то соли 2025, Декларатсияи Душанбегии 20-солагӣ ва Барномаи ҳамкории бисёрҷонибаи тиҷоратию иқтисодиро ба баррасӣ гирифтаанд. 

Масоили амнияти минтақавӣ, ҳамкории муштарак дар муқовимат ба терроризм, экстремизм, таъмини амнияти иттилоотӣ ва мубориза бо ҷиноятҳои киберӣ, масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, инфрасохтори нақлиётӣ, истифодаи самараноки иқтидори транзитии давлатҳои аъзои СҲШ ва робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ бахшҳои дигаре будааст, ки дар ин дидор муҳокима шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.