Воридоти тракторҳои истеҳсоли Эрон ба Тоҷикистон оғоз шуд

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар семоҳаи аввали соли 2022 аз Эрон ба Тоҷикистон 12 адад трактори “Тоҷ Ирон – 475, 470”, 100 адад испор ва 427 тонна хӯроки моҳӣ ворид гардид. Ҳарчанд ин начандон зиёд бошад ҳам, вале ба оғози давраи нави ҳамкории кишоварзони ду кишвар замина гузошта шуд.

Тавре ки шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, 20 май вазири кишоварзии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода сафири Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собириро ба ҳузур пазируфт.

Тарафҳо оид ба ҳамкориҳо дар самти растанипарварӣ, чорводорӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ, ҳифзи растаниҳо аз касалиҳо ва ҳашаротҳои зараррасон, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, ба роҳ мондани сохмони марказҳои логистик, сохтмони сардхона барои нигаҳдории маҳсулотҳои кишоварзӣ, табодули таҷриба дар самти бозомӯзӣ ва дигар масъалаҳоро мавриди муҳокима қарор доданд.

Гуфта мешавад, дар давоми соли 2021 аз Эрон ба Тоҷикистон 427 тонна хӯроки моҳӣ ва дар давоми 3 моҳи соли равон 12 адад трактори “Тоҷ Ирон – 475, 470”, 100 адад испор, 34 адад тойбанду тагрезчин, 10 адад алафдаравак, 4 адад нармкунак (култиватор) ворид карда шудааст.

Қобили зикр аст, ки имрӯз тракторҳои истеҳсоли Эрон ба 30 кишвари саросари дунё, аз ҷумла ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ содир карда мешаванд. Тракторҳои истеҳсоли Эрон бештар барои кору истифода дар боғҳо пешбинӣ шудаанд.

Аз соли 2006 то соли 2017 дар Тоҷикистон корхонаи муштараки истеҳсоли тракторҳои “ТоҷИрон” фаъолият дошт. Он дар заминаи корхонаи «Ҳумо»-и Душанбе ва корхонаи истеҳсоли трактори Табрез ба истифода дода шуд. Тибқи созишнома, 51%-и саҳмияҳои корхонаи муштарак ба ҷониби Эрон тааллуқ дошт. Дар “ТоҷИрон” соле 2 ҳазор трактор васлу насб карда мешуд.

Қатъи истеҳсоли тракторҳоро дар Тоҷикистон он замон ҷониби Эрон рақобати шадид дар бозор маънидод карда буд.

Гап сари он аст, ки Тоҷикистон бо нархи 8 ҳазор доллар аз Минск тракторҳои “Беларус” ворид мекард. Васлу насби тракторҳои эронӣ бошад, ҳадди ақал 10 ҳазор доллар талаб мекард.

Айни замон якчанд ширкату фирмаҳо аз қабили "Тоҷикагролизинг", "Мадади Турсунзода», "Агролизинг" ҳамасола ба Тоҷикистон то 300 адад тракторҳои тамғаи “Беларус” ворид мекунанд.

Тибқи иттилои сомонаи Иран.ру бо истинод ба мақомоти омори Эрон, семоҳаи аввали соли ҷорӣ ширкатҳои Эрон 93 ҳазор адад кмобайнҳои ғалладаравӣ ва 4,3 ҳазор адад трактор истеҳсол кардаанд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 5,7% ва 1,1% зиёдтар аст.

Соли 2021 ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Эрон ба 121 млн доллар расид, ки 2 баробар зиёдтар нисбат ба соли 2020 мебошад. Ҷонибҳо ният доранд, ки ин нишондиҳандаро то ба 500 млн доллар расонанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...