Сафири Арабистони Саудӣ ба хонаи Меҳмон Бахтӣ барои ҳамдардӣ рафтааст

Сафири подшоҳии Арабситони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон, имрӯз барои изҳори ҳамдардӣ ба хонаи Меҳмони Бахтӣ, раиси пешини Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки рӯзи 20-уми май дар бемористон даргузашта буд, рафтааст. Дар як хабарнома, ки Сафорати Арабистони Саудӣ барои расонаҳо фиристодааст, гуфта Сафири Арабистони Саудӣ ба аҳли оила ва наздикону пайвандони Нависандаи халқии Тоҷикистон, марҳум Меҳмон […]

Сафири подшоҳии Арабситони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон, имрӯз барои изҳори ҳамдардӣ ба хонаи Меҳмони Бахтӣ, раиси пешини Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки рӯзи 20-уми май дар бемористон даргузашта буд, рафтааст.

Дар як хабарнома, ки Сафорати Арабистони Саудӣ барои расонаҳо фиристодааст, гуфта Сафири Арабистони Саудӣ ба аҳли оила ва наздикону пайвандони Нависандаи халқии Тоҷикистон, марҳум Меҳмон Бахтӣ, ки рӯзи 20 май дар синни 81 аз олам чашм пӯшиданд, изҳори таслият ва ҳамдардӣ намуданд".

Сафири Саудӣ дар хонаи Меҳмон Бахтӣ, дар ҳузури фарзандону пайвандонаш гуфтааст, ки  марҳум рушди адабиёт ва драматургияи муосири тоҷик хидматҳои шоистаро ба анҷом расонида, осори ӯ дар Тоҷикистон маҳбубияти зиёд касб намудааст.

"Барои зиндаёд аз даргоҳи Худованди мутаъол ҷаннати ҷовидон ва ба хешу пайвандон сабру тасаллӣ масъалат дорем",-гуфтааст Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон.

 Сафорати Саудӣ гуфтааст, ки марҳум Меҳмон Бахтӣ ба ҳайси меҳмони шоҳ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд,  подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар маросими ҳаҷҷи 2019 ширкат карда буд.

Меҳмон Бахтӣ, нависанда, шоир ва драматурги шинохтаи тоҷик буд, ки солҳо вакили Маҷлиси намояндагон ва узви Маҷлиси миллӣ буд. Эшон аз соли 2003 то 2015 масъулияти раисии Иттифоқи нависандагонро ба дӯш дошт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.