Як ҳафтаи дигар монд, нақшаи даъват иҷро мешавад? То имрӯз 94 % иҷро шудааст

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Нақшаи давъати баҳории ҳарбӣ дар Тоҷикистон 94 дарсад иҷро шудааст. То ин дам танҳо шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва чанде аз шаҳру ноҳияҳои алоҳида нақшаи даъватро пурра иҷро кардаанд.

Фариддун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати дифои кишвар дар суҳбат  бо “Азия-Плюс” гуфт, нақшаи даъват ба артиш дар вилояти Суғд 90 дарсад, вилояти Хатлон 94 дарсад ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 93 дарсад иҷро шудааст.

Ӯ афзуд, нақшаи даъват ба артишро ВМКБ дар рӯзи аввали маъракаи давъат иҷро намуда, чор навоҳии шаҳри Душанбе нақшаро дар миёнаҳои моҳи апрел иҷро намуданд.

Номбурда афзуд, то ҳол, нақшаи даъвати ҳарбӣ дар маҷмӯъ дар кишвар 94 дарсад иҷро шудааст.

Иҷрои 94 дарсадии нақшаи даъват ба артиш дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки то анҷоми маъракаи давъат як ҳафта боқӣ мондааст ва солҳои пеш мақомоти расмии Тоҷикистон то анҷоми моҳи аввали даъват иттилоъ медоданд, ки нақша дар кишвар пурра иҷро шудааст.

Ҳамасола дар маъракаи давъати ҳарбӣ дар кишвар мақомот аз шеваҳои нави даъват кор мегиранд. Шеваи нави даъвати ҳарбии имсола ин буд, ки Вазорати маориф ва илм бо ирсоли як матуб ба донишгоҳҳо “тавсия” дод, ки хатмкунандагони курсҳои 4 ва 5 бо супоридани имтиҳонҳо пеш аз муҳлат метавонанд, ихтиёрӣ ба артиш раванд.

Баъди ин мактуб, маъмурияти донишгоҳҳо аксҳои зиёди донишҷӯёнро нашр карданд, ки ба гуфтаи онҳо донишҷӯён имтиҳонҳои хатмро пеш аз муҳлат супорида ихтиёран ба артиш рафтаанд. Вале дар ҳамин ҳол, бархе хатмкунандагон шикоят карданд ки онҳоро маҷбуран ба супоридани имтиҳони пеш аз муҳлат ҷалб карда, ба артиш бурдаанд.

Коршиносон, ҷалби чунин шеваро ба мушкил рӯбарӯ шудани иҷрои нақшаи даъвати имсола арзёбӣ мекунанд.

Мактуби вазорати маориф ба ҳамаи мактабҳои олӣ дар ҳолест, ки бо шуруъи даъвати ҳарбӣ навори боздошт ва иҷборан ба артиши ҳарбӣ бурдани донишҷӯёни бархе донишгоҳҳои Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо нашр шуда буд, ки корбарон онро сарбозшикор ё “облава” меноманд.

Мақомот ҳамеша ба набудани "облава" таъкид карда, мегӯянд, ҷавонони баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, пулис ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Дар Тоҷикистон соли 2020 ба қонун "Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ" тағйирот ворид шуд, ки ба ҷуз донишҷӯёни зиннаи таҳсили бакалавр, муҳассилини давраи магистратураро низ ба хидмат мебаранд. То ин вақт ин категорияи муҳассилин аз хидмат озод буданд. Роҳандозии хидмати алтернативиро иддае як роҳи қонунии халосӣ аз артиш арзёбӣ мекунанд. То ба ҳол беш аз 450 ҷавон бо супоридани пул аз хидмат озод шуданд

Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...