Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири СҲШ пешниҳоди Тоҷикистон барои таъсиси Маркази зидди маводи мухаддири СҲШ-ро баррасӣ кард

Asia-Plus

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли тозатаъини Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой Чжан Мин масъалаи пешниҳоди Тоҷикистон дар мавриди ташкили Маркази зидди маводи мухаддири СҲШ-ро баррасӣ кардаанд. Ин мулоқот рӯзи 23-юми май да Душанбе сурат гирифт.

Тоҷикистон мехоҳад ин Маркази СҲШ дар Душанбе таъсис шавад. 

Эмомалӣ Раҳмон  моҳи июни соли 2019  дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Бишкек пешниҳод карда буд, ки дар доираи СҲШ  созмони алоҳидае барои мубориза алайҳи гардиши маводи мухаддир таъсис дода шавад. 

Он замон Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норов гуфта буд, ки дар ростои андешидани тадбирҳои зарурӣ дар роҳи мубориза бо таҳдидҳои марбут ба маводи мухаддир, сарони кишварҳои узви СҲШ зарур медонанд, ки пешнависи Консепсияи бунёди Маркази зидди маводи мухаддири СҲШ дар Душанбе таҳия  шавад.

Аммо Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди ҷузъиёти дигари масъалаи таъсиси ин Марказ маълумоти дигаре аз мулоқот бо Дабири тозатаъини СҲШ ироа накардааст.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон бо Чжан Мин иҷроӣ шудани амалии Стратегияи рушди СҲШ то соли 2025, Декларатсияи Душанбегии 20-солагӣ ва Барномаи ҳамкории бисёрҷонибаи тиҷоратию иқтисодиро ба баррасӣ гирифтаанд. 

Масоили амнияти минтақавӣ, ҳамкории муштарак дар муқовимат ба терроризм, экстремизм, таъмини амнияти иттилоотӣ ва мубориза бо ҷиноятҳои киберӣ, масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, инфрасохтори нақлиётӣ, истифодаи самараноки иқтидори транзитии давлатҳои аъзои СҲШ ва робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ бахшҳои дигаре будааст, ки дар ин дидор муҳокима шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.