Тоҷикистону Туркманистон метавонанд корхонаҳои муштараки коркарди нафт таъсис диҳанд

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Ашқобод намояндагони Тоҷикистон ва Туркманистон масъалаи имкони таъсиси корхонаи муштараки коркади нафтро баррасӣ карданд.

Сафири Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Шарифзода рӯзи 20 май  бо  директори генералии ҶСП (NAPECO)-и Туркманистон Мақсат Пирлиев дидору гуфтушунид кард.

Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои иқтисодӣ-тиҷоратии дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати таъсиси корхонаи муштараки коркарди нафт ва маҳсулотҳои нафтӣ, аз ҷумла имкони интиқоли нафт ва маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон,  табодули назар намуданд.

Соли 2021 Туркманистон содироти гази моеъро ба Тоҷикистон ба роҳ монда, охири соли гузашта ҳаҷми содироти ин навъи сӯзишворӣ 5 ҳазор тоннаро ташкил дод. Душанбе изҳор дошт, ки ният дорад ҳаҷми харидро зиёд кунад.

Қаблан зимни сафари расмии раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва дидору гуфтушуниди ӯ бо президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммедов имконоти густариши ҳамкориҳо баррасӣ шуданд.

Ҳамкорӣ дар бахшҳои сӯзишворӣ ва энергетика, нақлиёту саноат ва кишоварзӣ, роҳандозии силсилаи мукаммали истеҳсоли маҳсулот аз пахта аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ номбар шуд.

Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон соли 1993 роҳандозӣ шуда, заминаи меъёриву ҳуқуқии он зиёда аз 100 санадро дар бар мегирад. Байни кишварҳо Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву техникӣ амал мекунад. Ҷаласаи 10-уми ин комиссия моҳи июли соли 2021 дар Душанбе баргузор шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...