Рустами Эмомалӣ бо президенти Туркманистон дидору гуфтушунид кард

Дар ҳошияи сафари расмӣ ба Туркманистон 12 май раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ, дар оғози мулоқот Рустами Эмомалӣ президенти тозаинтихоби Туркманистонро бинобар ба ин маснади олӣ интихоб гардиданаш табрик гуфта, аз номи президенти […]

Asia-Plus

Дар ҳошияи сафари расмӣ ба Туркманистон 12 май раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ, дар оғози мулоқот Рустами Эмомалӣ президенти тозаинтихоби Туркманистонро бинобар ба ин маснади олӣ интихоб гардиданаш табрик гуфта, аз номи президенти Тоҷикистон барои анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуд. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Гуфта мешавад, дар мулоқот маҷмӯи доираи васеи масъалаҳои афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистон ва Туркманистон, аз ҷумла вазъи робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ баррасӣ карда шуда, зикр гардид, ки Туркманистон батадриҷ ба яке аз шарикони пешбари иқтисодии хориҷии Тоҷикистон табдил меёбад.

Зимни гуфтушунид ҳамчунин ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика ва сӯзишворӣ, нақлиёту коммуникатсия, саноату кишоварзӣ, аз ҷумла коркарди пурраи пахта то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, инчунин маориф ва фарҳанг таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Бо мақсади мусоидат ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, пешниҳод гардид, ки солҳои 2022-2023 Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шавад.

Ёдрас мекунем, ки сафари расмии раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ 11 май оғоз гардида, дар рӯзи аввали сафар ӯ бо раиси Халқ Маслиҳатии Милли Генгеши Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов ва раиси Маҷлиси миллии Генгеши Туркманистон Гулшат Маммедова дидору гуфтушунид кард.

Нимаи дуюми рӯзи 11 май Рустами Эмомалӣ ва ҳайати ҳамроҳони ӯ аз Масҷиди маънавиёти Туркманбошии Қипчоқи шаҳри Ашқобод ва  маҷмааи байналмилалии аспиву варзишии пойтахти Туркманистон боздид намуда, бо фаъолияти муассисаи давлатии «Маҷмааи бофандагии Ашқобод» шинос шуданд.

Дар шаҳраки олимпии шаҳри Ашқобод Рустами Эмомалӣ бо ҳокими шаҳри Ашқобод Раҳим Гандимов мулоқот анҷом дода, зимни сӯҳбат доир ба дастовардҳои пойтахти Туркманистон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, рушди иҷтимоиву фарҳангӣ, бахусус пешравиҳои бахши варзишу сайёҳӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?