Хоҳишмандони таҳсил ё кор дар мактабҳои нави русзабон ба куҷо муроҷиат карда метавонанд?

Аз 1 сентябри соли 2022 дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода мактабҳои таҳсилоти умумии муштараки Русия ва Тоҷикистон, ки таълим дар онҳо бо забони русӣ ба роҳ монда мешавад, дарҳои худро ба рӯи толибилмон боз мекунанд. Дар ин робита чандин нафар ба идораи “Азия-Плюс” муроҷиат намуда, пурсиданд, ки ҳуҷҷатҳоро барои таҳсил ё кор […]

Аз 1 сентябри соли 2022 дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода мактабҳои таҳсилоти умумии муштараки Русия ва Тоҷикистон, ки таълим дар онҳо бо забони русӣ ба роҳ монда мешавад, дарҳои худро ба рӯи толибилмон боз мекунанд.

Дар ин робита чандин нафар ба идораи “Азия-Плюс” муроҷиат намуда, пурсиданд, ки ҳуҷҷатҳоро барои таҳсил ё кор дар ин мактабҳо ба куҷо ва бо кадом суроға пешниҳод кардан мумкин аст.

Тавре қаблан хабар дода будем, қабули ҳуҷҷатҳои омӯзгорон барои кор то 24 май ва хонандагон барои таҳсил – то 28 майи соли 2022 давом мекунад.

Ҳуҷҷатҳоро метавон ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва шуъбаҳои маорифи шаҳрҳои Хуҷанду Бохтар ва Кӯлобу Турсунзода пешниҳод намуд.

Барои осонтар шудани кори шумо рақами телефонҳо ва суроғаҳои шуъбаҳои маорифи ин шаҳрҳоро манзуратон мекунем.

Душанбе

Кӯчаи Мирзо Турсунзода, 27/А, (рӯ ба рӯи Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, собиқ бинои САҲШ, ошёнаи 2-юм).

Тел: 2278910

Турсунзода

Шуъбаи маориф: кӯчаи Мирзо Турсунзода, (рӯ ба рӯи бинои ҳукумати шаҳр)

Тел: (83130) 21853, 21847

Кӯлоб

Шуъбаи маориф: кӯчаи. Исмоили Сомонӣ, 26 (дар қафои мағозаи «Равшан»)

Тел: (83322) 22690, 22691

Бохтар

Шуъбаи маориф: кӯчаи Бобоҷон Ғафуров, 30 (назди бозори «Фаровон»)

Тел:( 83222) 24401, 28165

Хуҷанд

Шуъбаи маориф: кӯчаи Камоли Хуҷандӣ, 70

Тел: (83422) 63731, 66775

Аз довталабон доштани шаҳрвандии Русия ё Тоҷикистон, донистани забонҳои русӣ ва тоҷикӣ, таърих ва фарҳанги халқҳои Русия ва Тоҷикистон, донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи маориф талаб карда мешавад. Илова бар ин, онҳо бояд маҳорату малакаи истифодаи технологияи информатсионии муосир, истифодаи усулҳои муосири таълим ва хушмуомилагӣ бо хонандагон ва падару модарро дошта бошанд. Хуҷҷатҳои довталабон бояд бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод карда шаванд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ва муовини раиси ҳукумати Русия Алексей Оверчук изҳор дошта буданд, ки панҷ мактаби русзабон дар Тоҷикистон 1 сентябри соли равон ба фаъолият оғоз мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.