Имрӯз дар Тоҷикистон заминларзаи сахт рух дод

Имрӯз соати 15:27 сокинони Душанбе ва атрофи он заминларзаи сахтеро эҳсос карданд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо истинод ба Пажӯҳишгоҳи геология ва сохтмонҳои ба зилзилаҳо тобовар менависад, ки маркази заминларза дар 171-километрии ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе ва 149 километр шимолу ғарби ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон дар қаламрави Ӯзбекистон будааст. – Қувваи зилзила дар маркази заминларза […]

Манзумаи Фирӯз, Asia-Plus

Имрӯз соати 15:27 сокинони Душанбе ва атрофи он заминларзаи сахтеро эҳсос карданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо истинод ба Пажӯҳишгоҳи геология ва сохтмонҳои ба зилзилаҳо тобовар менависад, ки маркази заминларза дар 171-километрии ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе ва 149 километр шимолу ғарби ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон дар қаламрави Ӯзбекистон будааст.

– Қувваи зилзила дар маркази заминларза 6 балл ва дар Душанбе 3-4 баллро ташкил додааст. Дар қаламрави Тоҷикистон талафоти ҷонӣ ва харобиҳо ба қайд гирифта нашудааст, – менависад КҲФ.

Дар ҳамин ҳол, тавре “Podrobno.uz” бо такя ба КҲФ Ӯзбекистон хабар медиҳад, маркази заминларза дар умқи 15 километр дар ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё, 411 километрии ҷанубу ғарби Тошканд воқеъ будааст.

Бояд гуфт, ки ин дувумин заминларза аст, ки тайи 7 рӯзи ахир Тоҷикистонро такон медиҳад – заминларзаи якум субҳи барвақти рӯзи 5 май рух дода буд. Маркази заминларза дар 294-километрии ҷанубу шарқи Душанбе, дар марзи Тоҷикистону Афғонистон воқеъ будааст.

Қувваи зилзила дар маркази заминларза 4 балл ва дар Душанбе 2 баллро ташкил дод.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.