Баҳси сифати дору дар парлумон. Ҷазо барои доруи бесифат пурзуртар шуд

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Ин ҳафта дар парлумони Тоҷикистон сифати доруҳо ва хатари он ба саломатии аҳолӣ ба баҳс кашида шуд. Бархе вакилон, аз муовини вазири тандурустии Тоҷикистон пурсиданд, ки дар ду соли охир ин ниҳод чӣ қадар доруи бесифатро аз фурӯш боздоштааст. Муовини вазир ба ин суол посух надод.

Имрӯз, 25 май дар ҷаласаи навбатии парлумони кишвар, вакилон лоиҳаи қонуни Тоҷикистон дар бораи  дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фармасевтиро пазируфтанд.

Гуфта шуд, ки қонуни мазкур бо дастури Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон, ки дар мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ 18 августи соли 2020 ироа шуда буд, омода ва қабул гардидааст.

Ғафур Муҳсинзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон дар шарҳи лоиҳаи қонун дар ҳузури вакилон гуфт, ки қонуни нав ба рушди истеҳсоли доруҳои ватанӣ, беҳтар намудани назорати сифат ва гузаронидани экспертизаи дору, таъмини аҳолӣ бо доруҳои босифат, пурзур намудани ҷазо ё ҷуброни зарар ба соломатии аҳолӣ дар натиҷаи истеъмоли дору ва ғайра равона шудааст.

Ба таъкиди вай, ба қонун 12 моддаи нав илова гардид.

Баъди суханронии муовини вазири тандурустӣ, Файзалӣ Идизода, вакили парлумон аз ӯ пурсид, ки дар Тоҷикистон чанд корхонаи муштараки истеҳсоли дору амал мекунад ва онҳо кадом намуди доруҳоро истеҳсол мекунанд?

Ғафур Муҳсинзода ба ин суол посухи қонеъкунанда надод ва танҳо афзуд, ки дар кишвар 50 корхонаи ватании истеҳсоли доруворӣ амал мекунад, ки онҳо 300 намуди доруро истеҳсол мекунанд.

Вакили парлумон, ҳамчунин аз муовини вазир пурсид, ки дар ду соли охир Хадамоти назорати тиббӣ, чӣ қадар доруи бесифатро аз фурӯш боздошт ва харҷе, ки давлат барои нигоҳдории ин ниҳод сарф мекунад, ба хизматрасонии ин ниҳод мутобиқат мекунад ё не?

Муовини вазири тандурустӣ ба ин суол посух надод ва танҳо гуфт, ки ҳоло дар кишвар тамоми захираву имкон барои истеҳсол ва ва таъмини дору мавҷуд аст.

– Дар ду соли пандемия ягон камбудӣ дар дастрасии доруворӣ дар кишвар набуд. Имрӯз дар кишвар захираи кофии доруворӣ мавҷуд аст. Дар Тоҷикистон зиёда аз 4,5 ҳазор муасисаи тандурустӣ амал мекунад ва ҳамаи онҳо бо доруворӣ таъмин мебошанд,- гуфт Муҳсинзода.

Вакили парлумон Файзулло Идизода дар поёни ҷаласаи парлумонӣ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки аз посухи муовини вазири тандурустӣ пурра қонеъ нашуд.

Номбурда яке аз ҳадафҳои пурсишашро ҷалби бештари ширкатҳои маъруфи дорусозӣ ба бозори доруи Тоҷикистон ва аҳамияти бештари мақомот ба сифати доруҳо арзёбӣ кард.

Ӯ афзуд, яке аз вазифаҳои мақомот ин ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти коркарду истеҳсолӣ дору ва  ташкили корхонаҳои муштараки истеҳсоли он мебошад.

Ба таъкиди ин масъули давлатӣ, барои амалии ин кор аз ҷониби ҳукмати кишвар ҳамаи заминаҳо гузошта шудааст ва ӯ ба таври мисол, аз пардохти андоз озод будани воридоти технология барои истеҳсоли дору ва аз захираи доруворӣ ва гиёҳҳои шифобахш бой будани Тоҷикистон ёдовар шуд.

– Ҳамзамон, бояд ба масъалаи сифати дорусозӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир кард. Мақоми ваколатдор бо истифода аз ваколаташ  доруҳое, ки ба талаботи ҷомеаи ва стандартҳои миллӣ ва байналмилалӣ ҷавобгӯй нестанд, бояд аз фурӯш боздорад. Сифат дар ҳама ҷой нақши асосиро мебозад, -гуфт Идизода.

Дар ҳамин ҳол, дар поёни ҷаласаи парлумон, Салим Абулазизов, сардори Раёсати фарматсия ва молҳои тибии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки онҳо дар соли 2021 зиёда 110 тонна дору ва маҳсулоти тиббии бесифатро аз фурӯш боздоштанд, ки дар сурати истифода ба саломатии аҳолӣ зарар мерасонд.

Номбурда гуфт, дар асоси қонуни нав ҷазо ё ҷуброни молӣ барои воридкунандагон ё истеҳсолкунандагони доруҳо, ки ҳангоми истифодаи он ба саломатии аҳолӣ зарар расонад, сахттар ё зиёдтар мешавад.

Ба таъкиди вай, муҳлати ҷазо ё ҳаҷми ҷуброни молӣ ба ҳаҷми зарари расонидашудаи дору ба бемор вобаста аст ва ҳар қадар зарари дору ба саломатии одам бештар бошад, ҷазо сахттар мегардад.

– Таъини ҷазо ё ҷаброни молӣ ба вазнинии зарар вобаста аст. Масалан, агар аз истеъмоли дору бемор фавтад, аллакай ин ҷавобгарии ҷиноятӣ аст ва молистеҳсолкунанда ё ширкати воридкунанда ба ҷавобгари ҷиноятӣ кашида мешавад,- гуфт Абудулазизов.

Пурзур намудани ҷазо барои доруи бесифат дар ҳолест, ки дар се моҳи соли 2022 238 номгӯй дору ва молҳои тиббӣ, ба миқдори 1978 адад аз муомилот гирифта шуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 37460  адад кам мебошад.

Вазорати тандурустӣ иттилоъ дод, ки дар ин давра ба маблағи 53,5 миллион доллари амрикоӣ ба кишвар маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ ворид карда шудааст, ки ин нисбат ба се моҳи соли 20121 18,9  миллион доллари амрикоӣ зиёд мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...