Сатҳи оби дарёи Варзоб торафт паст мешавад. Мутахассисон сабабашро шарҳ доданд

Аз маълумоти пойгоҳи (стансияи) обуҳавосанҷии “Ҳушёри” бармеояд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2021 имсол об дар дарёи Варзоб зиёдтар аст. Бино ба маълумоти сардори пойгоҳ Мирзо Азизов, имрӯзҳо хароҷоти об дар дарёи Варзоб 60-65 метри мукааб дар як сонияро ташкил дода, солҳои ахир ин нишондиҳанда 10-15 метр камтар буд. Бар асари тағйирёбии иқлим тайи […]

Аз маълумоти пойгоҳи (стансияи) обуҳавосанҷии “Ҳушёри” бармеояд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2021 имсол об дар дарёи Варзоб зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти сардори пойгоҳ Мирзо Азизов, имрӯзҳо хароҷоти об дар дарёи Варзоб 60-65 метри мукааб дар як сонияро ташкил дода, солҳои ахир ин нишондиҳанда 10-15 метр камтар буд.

Бар асари тағйирёбии иқлим тайи даҳ соли ахир хароҷоти об дар дарёи Варзоб ба ҳисоби миёна ду баробар кам шудааст – аввали солҳои 2000-ум дар он ба ҳисоби миёна 120 ва 20 сол пеш – 150 метри мукааб об ҷорӣ мешуд.

Ба гуфтаи мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ, омили асосии пастшавии сатҳи рӯдхона тағйири иқлим аст, ки дар натиҷа майдони пиряхҳо дар сарчашмаҳо кам мешавад.

Дар дараи Варзоб 20 сол пеш то 200 пиряхи хурду калон мавҷуд буд, имрӯз бошад, 60 пиряхи он аллакай аз байн рафтааст.

Сардори пойгоҳи барфу тармаи “Майхура” Қодир Восидов зикр кард, ки нисбат ба соли гузашта имсол бештар барф борида, баландии қабати барф дар атрофи Майхура 1,3-1,5 метрро ташкил дод.

Бар асари гармии обуҳаво барф хеле тез об шуда, қитъаҳои хатарноке ба вуҷуд меоянд, ки дар он ҷойҳо фаромадани тарма имконпазир аст.

Ба гуфтаи Восидов, дар мавсими зимистону баҳор дар 32 қитъаи минтақаи Майхура хатари тармафароӣ вуҷуд дорад.

“Қитъаи хавфноктарин масофаи байни километрҳои 62 ва 74-уми шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ мебошад, ки дар давраи зимистону баҳор дар ин қитъаҳо ҳодисаҳои тармафароӣ бисёр ба қайд гирифта мешаванд”, – гуфт мутахассис.

Мутахассион мегӯянд, дар давраи тармаву селфароиҳо ба дарё сатҳи оби он боло рафта, хароҷоти об то 200 метри мукааб дар як сония зиёд мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар пойгоҳҳои “Майхура” ва “Ҳушёри” барои санҷиши обуҳаво ва падидаҳои гидрологӣ аз таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир истифода шуда, дар давоми рӯз якчанд бор ба Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ маълумот фиристода мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.