Дар Ӯзбекистон ҳам нархи барқу газ баландтар мешавад

Вазорати молияи Ӯзбекистон хабари гаронтар шудани нерӯи барқ дар ин кишварро, ки ахиран дар шабакашои иҷтимоӣ паҳн гашт, шарҳ дод. "Ба самъи шумо мерасонем, ки дар ҳоли ҳозир лоиҳаи қарори девони вазирон "Дар бораи тағйири нарх ва тарифҳои манбаъҳои энергетикиву сӯзишворӣ" баррасӣ мешавад. Ҳадафи қарор ислоҳоти бахши энергетикӣ ба хотири таъмини сокинон ва бахши иқтисод […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Вазорати молияи Ӯзбекистон хабари гаронтар шудани нерӯи барқ дар ин кишварро, ки ахиран дар шабакашои иҷтимоӣ паҳн гашт, шарҳ дод.

"Ба самъи шумо мерасонем, ки дар ҳоли ҳозир лоиҳаи қарори девони вазирон "Дар бораи тағйири нарх ва тарифҳои манбаъҳои энергетикиву сӯзишворӣ" баррасӣ мешавад. Ҳадафи қарор ислоҳоти бахши энергетикӣ ба хотири таъмини сокинон ва бахши иқтисод бо нерӯи барқу гази табиии босифат мебошад", – омадааст дар иттилоияи вазорат.

Қаблан, муовини вазири энергетикаи Ӯзбекистон Шерзод Хоҷаев ба расонаҳо гуфта буд, нерӯи барқи истеҳсолшаванда дар он кишвар бо нархе ба сокинон фурӯхта мешавад, ки ба давлат зарар меорад.

Ба гуфтаи вай, 1 киловатт-соат нерӯи барқ ба сокинони Ӯзбекистон 295 сӯм ($ 0.03) фурӯхта мешавад. Дар ҳоле ки агар тамоми хароҷоти истеҳсолӣ ва нақлиётиро ҳисоб кунем, арзиши 1 киловатт-соат 400 сӯм ($ 0.04) хоҳад шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.