Хоҳ бовар кунед хоҳ не. Орд дар Суғд арзон шудааст: то 10-20 сомонӣ

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Дар баробари беқурбшавӣ ё коҳиши доллари амрикоӣ дар баробари сомонӣ дар Тоҷикистон арзиши нархи орд аз умдатарин маҳсулоти ғизоӣ дар Тоҷикистон пойин рафтааст. Тамоюле, ки дар Тоҷикистон кам иттифоқ мешавад. Дар Тоҷикистон умдатан вақте нархҳо ба боло рафтан, дигар пойин намераванд.

Агар як халта орди 50 килоии навъи якум рӯзи 20-уми май дар бозорҳои Суғд то ба 370 сомонӣ дакка хӯрда буд, ҳамин навъи ордро имрӯз савдогарон 10-15 сомонӣ арзонтар ба фурӯш гузоштаанд. Фурӯшандагону корхонаҳои истеҳсолӣ мегӯянд, бо поён рафтани қурби доллар нархи орд низ ҳамарӯза арзонтар мешавад.

Имрӯз, 25-уми май як халта орди 50 килоии навъи якум дар бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд то 360 сомонӣ дар фурӯш буд. Фурӯшандагон баъзе навъи ордро то ҳатто 347 сомонӣ нарх гузоштаанд.

Акбар, як фурӯшандаи орд дар ин бозор ба “Азия-Плюс” гуфт, чаҳор рӯз пештар як халтаи ордро бо нархи 370 сомонӣ мефурӯхтанд, ки ҳоло ҳудуди 10-15 ва ҳато бархеро то 20 сомонӣ арзонтар кардаанд.

“Нархи орд аз ҳисоби поён рафтани қурби доллар ба сомонӣ ҳамарӯза арзонтар шуда истодааст. Мисол мо аз корхонаҳои истеҳсолӣ дар ин шабу рӯз як халта орди навъи якумро каму беш бо нархи 354 сомонӣ харида истодаем ва бар замми харҷи роҳ 6-6,5 сомонӣ гаронтар аз нархи осиёб дар бозор ба фурӯш гузоштаем”.-гуфт, ӯ

Ба фарқ аз бозори “Панвшанбе” нархи орд дар бозори яклухтфурӯши “Гулистон”-и шаҳри Хуҷанд боз каме арзонтар аст. Зарифҷон як тоҷири яклухтфурӯши ин бозор мегӯяд, ҳоло як халтаи 50 килоии навъи якуми ордро ба қимати аз 345 то 350 сомонӣ фурӯхта истодааст, ки ҳамаги ҷанд рӯз пеш 360 сомонӣ буд.  

Мувофиқи қурби муқарранамудаи Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз, 25 май, 1000 рубли русӣ ба 173 сомонӣ ва 1 доллари амрикоӣ ба 11,40 сомонӣ баробар шуд. Аммо рӯзи 24-уми май 1 доллар ба 11,80 сомонӣ баробар буд ва аз санаи 20-уми май то ба имрӯз қурби як доллар назар ба сомонӣ 1,05 сомонӣ коҳиш ёфтааст.

Оғози моҳи март дар бозорҳои шимолии Тоҷикистон як халта орди навъи якум бо нархи 265-270 сомонӣ дар фурӯш буд. Аммо ба дунболи ҷанги Русия дар Украина ва манъи содироти чанд номгӯй молу маҳсулот, аз ҷумла ғалладонагиҳо аз кишвари аввал ба кишварҳои дигар нархи орд дар бозорҳои Тоҷикистон якбора боло рафт. Қазоқистон ҳам, ки 90 дарсади ғаллаи Тоҷикистон аз ин кишвар ворид мешавад дар содироти гандум маҳдудият ҷорӣ кард ва ҳамин тавр нархи орд дар Тоҷикистон боз гаронтар шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...