Олмон барои бунёди неругоҳи Себзор дар ВМКБ 17,4 млн еврои иловагӣ ҷудо кард

Ҳукумати Олмон барои сохтмони нерӯгоҳи обии хурди «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон 17,4 миллион евро маблағгузории иловагӣ ҷудо кардааст. Шартномаи маблағгузории иловагии ин 17,4 миллионро вазири рушди иқтисод ва савдо, Завқӣ Завқизода, директори минтақавии Бонки олмонии Рушд KfW дар Осиёи Марказӣ – доктор Андреас Шнайдер ва директори генералии ширкати «Помир Энерҷӣ» Амрихон […]

Иттилоияи расмӣ

Ҳукумати Олмон барои сохтмони нерӯгоҳи обии хурди «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон 17,4 миллион евро маблағгузории иловагӣ ҷудо кардааст.

Шартномаи маблағгузории иловагии ин 17,4 миллионро вазири рушди иқтисод ва савдо, Завқӣ Завқизода, директори минтақавии Бонки олмонии Рушд KfW дар Осиёи Марказӣ – доктор Андреас Шнайдер ва директори генералии ширкати «Помир Энерҷӣ» Амрихон Раимов  ба имзо расониданд.

Неругоҳи Себзор бо иқтидори 11 МВт  бунёд карда мешавад. Маблағгузории иловагӣ, ки дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи молиявии Олмон ва Тоҷикистон ҷудо шудааст, ҳаҷми умумии маблағгузории ин лоиҳаро қариб ба 53 миллион евро мерасонад. Қаблан Вазорати рушди иқтисоду савдо, Помир Энерҷӣ ва KfW созишномаҳои маблағгузорӣ ва татбиқи ин лоиҳаро бо маблағи 17 миллион евро, ки аз ҷониби Ҳукумати Олмон ҷудо шуда буд, дар моҳи июли соли 2021 ва ба маблағи 18,59 миллион еврои аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ҷудошударо дар моҳи июли соли 2020 ба имзо расониданд.

Лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Себзор» бо иқтидори 11 МВт лоиҳаи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки аз ҷониби ширкати «Помир Энерҷӣ» бо дастгирии молиявии Ҳукумати Олмон ва Иттиҳоди Аврупо амалӣ карда мешавад. Нерӯгоҳи барқи обӣ дорои иқтидори насбшуда барои тавлиди 77,6 ГВт/соат нерӯи барқ ​​дар як сол хоҳад буд ва барои беҳтар кардани дастрасии аҳолии деҳоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)  ба нерӯи барқи устувор, боэътимод ва дастрас замина мегузорад.

Бонки Олмонии Рушд KfW бо супориши Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) аз соли 2002 барномаҳои Ҳамкории молиявии Олмон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ мекунад. Барномаҳои қаблӣ дар соҳаи энергетика ки якҷоя бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо амалӣ гаштанд, Таҷдиди дастгоҳи автоматии тақсимкунандаи 220/550 кВт дар нерӯгоҳи Норак, сохтмони нерӯгоҳи обии барқи хурди “Тоҷикистон” бо иқтидори 1,5 МВт дар н.Мурғоби ВМКБ-ро дар бар мегиранд.

Ҳаҷми умумии маблағҳои дар чаҳорчӯбаи Ҳамкории молиявии Олмону Тоҷикистон аз соли 2002 инҷониб барои амалӣ намудани барномаҳои муштарак дар соҳаҳои тандурустӣ, тавсеъаи устувори иқтисодӣ, мутобиҷшавӣ ба тағирёбии иқлим, маориф ва инфрасохтори коммуналӣ ва энергетика ҷудошуда зиёда аз 310 миллион евроро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Табдили рақамии Тоҷикистон: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.