Расонаи амрикоӣ: Маҳдӣ Арсалони тоҷикистонӣ фармондеҳи Толибон дар Бадахшони Афғонистон аст

Asia-Plus

Расонаи амрикоии "Long War Journal", ки хабарҳои марбут ба ҷангу терроро инъикос мекунад, хабар додааст, ки Маҳдӣ Арсалон, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки раҳбари гурӯҳи террористии "Ансоруллоҳ" аст, фармондеҳи Толибон дар панҷ вулусволии вилояти Бадахшон аст.

Ин хабар қабл аз ин ҳам расонаӣ шуда буд, вале баъди нашри матлаби рӯзи 25-уми майи Long War Journal ин мавзуъ дар расонаҳои Афғонистон дигарбора ба сархати хабарҳо баромадааст.

Ин расонаи амрикоӣ Маҳди Арсалонро фармондеҳи гуруҳи "Ансоруллоҳ"-и марбут ба "Алқоида" дониста ва навиштааст, ки ҳарчанд "Толибон" замонат медиҳанд, ки хоки Афғонистонро дар ихтиёри ҷангҷӯёни хориҷӣ қарор намедиҳанд, аммо фармондеҳии чанд вулусволии шимоли кишварро ба як террористи тоҷик супурдаанд.

Long War Journal навиштааст, ки Арсалонро дар ин мақом Қорӣ Фасеҳуддин, Луидиристез ё раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Толибон, ки худ тоҷики бумии Афғонистон аст, таъин кардааст.

Дар пайи ин хабар "Афғонистон Интернейшнл" навиштааст, ки Маҳди Арсалон контроли вулусволиҳои  Кӯфоб, Хоҳон, Моймай, Нусай ва Шкайи вилояти Бадахшонро дар ихтиёр дорад. Ин вулусволиҳо марбути водии Дарвози Афғонистон мешаванд, ки дар марз бо ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Дарвози Тоҷикистон қарор доранд.

Расонаӣ амрикоӣ ишора кардааст, ки Маҳди Арсалон чанде пештар дар саҳфаи фейсбукияш видеоҳоеро нашр кардааст, ки неруҳояшро дар марзи Тоҷикистон ҷо ба ҷо мекунад.

Long War Journal навиштааст, ки Арсалон Муҳаммад Шарифов, шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки дар минтақаи Рашт таваллуд шудааст ва соли 2014 ба "Ҷамоати Ансоруллоҳ" пайвастааст: "Ӯ ба дунболи падар ва бародари ҷиҳодияш, ки аз сӯйи неруҳои амниятии Тоҷикистон кушта шуданд, рафтааст. Аз сӯйи ин гурӯҳ мағшӯйӣ шуд ва аз сатҳи поёнӣ ба фармондеҳӣ расид",-овардааст манбаъ.

Расонаи амрикоӣ навиштааст, ки ӯ "хатарнок ва бераҳм" тавсиф мешавад

Маҳди Арсалон ё Муҳаммад Шарипов бино ба маълумоти мақомоти қудратии Тоҷикистон зодаи 27-солаи деҳаи Шербегиёни ҷамоати Сафедчашмаи ноҳияи Нурободи Тоҷикистон аст. Падари ӯ Мирхоҷа Шарипов аз наздикони  Амриддин Табаров-бунёдгузор ва раҳбари пешини гурӯҳи "Ансоруллоҳ" буд. Яке аз хоҳарони Арсалон ҳам ҳамсари писари Табаров гуфта мешавад.

Маълумоти Long War Journal дар бораи "Ансоруллоҳ":

"Ҷамоати Ансоруллоҳ", ки бо "Ал-Қоида" робита дорад, гурӯҳи террористиест, ки соли 2006 ҳамчун шохаи Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) бо меҳварияти Тоҷикистон ташкил шудааст. Ин гурӯҳ, бори аввал соли 2010 бо анҷом додани як таркиш дар аз сӯйи як террористи маргталаб дар Шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили шаҳри Хуҷанди маркази виляти Суғд маъруф шуд. 

Дар натиҷаи ин инфиҷор з тан кушта ва 25 каси дигар ҷароҳат бардоштанд. мақомоти расмии маҳалӣ гуфтанд, ки  террорист ин амалро анҷомдода дар урдугоҳҳои "Ал-Қоида" дар манотиқи қабиланишини Покистон омодагӣ дидааст.  Соли 2012 ин гуруҳро дар Тоҷикистон ҳамчун  ташкилоти ифротгароие, ки ба давлат хатар дорад, манъ карданд. 

Ин гурӯҳи террористӣ, ки мехоҳад ҳукумати Душанберо бо режими исломӣ иваз бикунад, аз замони таъсиси худ дар шимоли Афғонистон фаъол аст ва аз ҳимояти Толибон ва ҲИӮ бархурдор мебошад. Ҳатто баъд аз куштани Амриддин Табаров аз сӯйи неруҳои афғон дар соли 2015 ин гурӯҳ вуҷуди худро дар Афғонистон бо шумули пойгоҳҳои тамринотӣ, ҳифз кардааст. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...