Нишасти амниятии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Душанбе оғоз шуд

Нишасти амниятии котибони Шӯрои амнияти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Душанбе оғоз шуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" хабар доданд.  Манбаъ мегӯяд, ки муколамаи чоруми минтақавии котибони амнияти миллии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ду рӯз – 26 ва 27 май идома хоҳад кард. Дар нишасти мазкур, котибони Шӯроҳои амниятии 8 кишвар: Русия, Чин, Эрон, Ҳиндустон,  Қазоқистон, […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Нишасти амниятии котибони Шӯрои амнияти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Душанбе оғоз шуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" хабар доданд. 

Манбаъ мегӯяд, ки муколамаи чоруми минтақавии котибони амнияти миллии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ду рӯз – 26 ва 27 май идома хоҳад кард.

Дар нишасти мазкур, котибони Шӯроҳои амниятии 8 кишвар: Русия, Чин, Эрон, Ҳиндустон,  Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат ва вазъи кунинии Афғонистон ва роҳҳои кӯмак ба ин кишварро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.

– Бештари котибони амниятии кишварҳои ширкаткунанда аллакай ба Тоҷикистон омадаанд. Имрӯз, бахши аввали нишаст ба кори худ оғоз кард. Пагоҳ, 27 май баҳси асосии муколама баргузор хоҳад шуд, -гуфтанд аз ВКХ.

Ёдовар мешавем, ки як рӯз пештар "Афғонистон интернейшнл" бо такя ба рӯзномаи ҳиндии "The Times of India" хаба дода буд, ки қарор  аст дар душанбе як конфронси амниятии байналмилалӣ дар мавриди Афғонистон баргузор шавад

Рӯзномаи "The Times of India" навишта буд, ки Ҳинд дар ин конфронс  бори дигар бар ташкили як ҳукумати фарогир таъкид мекунад. 

Интизор меравад, Тоҷикистон низ мавқеи худро дар робита ба вазъи Афғонистон, ки ҳамчун ҳамсояи наздик ҳамеша ҷонибдори ҳалли мусолиматомези ҳамаҷонибаи мушкили Афғонистон ва ташкили ҳукумати фарогир тавассути интихобот ва бо иштироки тамоми гурӯҳҳои сиёсӣ, қавмӣ ва иҷтимоӣ, дар ин кишвар аст, таъкид намояд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.