Равуои микроавтобуси хатсайри №44 дар Душанбе қатъ мешавад

Равуои микроавтобуси хатсайри №44 дар шаҳри Душанбе аз 1 июн қатъ шуда, ба ҷойи он автобуси дигар ҳаракат мекунад, хабар медиҳад шаҳрдории пойтахт. Гуфта мешавад, ин хатсайри микроавтобус аз ҷамоати Қӯштеппа то маҳаллаи Лоҳутӣ (ЖБК-6) равуо мекард. “Бо зиёд намудани шумораи автобусҳо ва иваз намудани нуқтаи охири хатсайри автобусии №4 аз терминали Маром то маркази […]

Равуои микроавтобуси хатсайри №44 дар шаҳри Душанбе аз 1 июн қатъ шуда, ба ҷойи он автобуси дигар ҳаракат мекунад, хабар медиҳад шаҳрдории пойтахт.

Гуфта мешавад, ин хатсайри микроавтобус аз ҷамоати Қӯштеппа то маҳаллаи Лоҳутӣ (ЖБК-6) равуо мекард.

“Бо зиёд намудани шумораи автобусҳо ва иваз намудани нуқтаи охири хатсайри автобусии №4 аз терминали Маром то маркази савдои «Кушониён» мунтазамнокии ҳаракати автобусҳо дар ин масир таъмин карда мешавад”, – омадааст дар эълони шаҳрдорӣ.

Дар хатсайри автобусии №4 (таваққуфгоҳи маркази савдои «Кушониён» – Терминали Шарқӣ) фаъолияти автобусҳо тавассути кӯчаву хиёбонҳои Ҳ.Шерозӣ, Рӯдакӣ, У.Хайём, М.Турсунзода, Шарқ, Меҳнат, К.Раҳимов, А.Лоҳутӣ, Шотемур, Х.Деҳлавӣ, Г.Валаматзода ва С.Айнӣ роҳандозӣ мегардад.

Аз сокинону меҳмонони пойтахт дархост мешавад, ки аз хизматрасонии автобусҳои муосири тамғаи «АКIA» ва «KING LONG» истифода баранд.  

Зимнан зикр мегардад, ки пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...