Ҳозир дар Тоҷикистон бо кадом асъор қарз гирифтан фоидаовар аст?

Фозилҷон Фатҳуллоев, Asia-Plus

Дар гузашта коршиносон бар асари болоравии қурб, бо доллар қарз гирифтанро тавсия намедоданд, акнун бошад, баръакс маслиҳат медиҳанд, ки маҳз бо ин асъор қарз гирем. Чаро?

Бонкҳои Тоҷикистон ба ҳисоби миёна бо 24%-и солона бо сомонӣ ва 10% бо доллар қарзи истеъмолӣ медиҳанд. Қарз барои ипотека 28% бо сомонӣ ва 12% бо доллар дода мешавад.

Агар шумо бо сомонӣ қарз гирифта бошед, сарфи назар аз тағйирёбии қурби асъори хориҷӣ, ҳамон фоизи дар қарордод сабтшударо пардохт мекунед. Агар бо доллар қарз гирифта бошеду аз бонкҳо фоизи паст интизорӣ доштед, пас ин ба истилоҳ “фоизҳои паст” ҳамзамон бо болоравии қурб зиёд шуданд.

Масалан, шумо соли 2019 бо 12%-и солона бо қурби 1 доллар = 9,4298 сомонӣ барои ипотека қарз гирифта будед. Бо назардошти тағйирёбии қурб дар соли 2020 то 9,6910 сомонӣ, ки бо ҳисоби фоиз афзоиши иловагӣ + 2,76%-ро ташкил медиҳад, пас чунин мешавад, ки дар охири соли аввали ипотека шумо на 12%, балки аллакай 14,76% пардохт мекунед.

Поинравии қурби доллар идома дорад, яъне фоизҳо ҳам паст мешаванд

Акнун тасаввур мекунем, ки имсол ба гунаи мисол, шумо моҳи январ барои ипотека бо 12%-и солона бо қурби 1 доллар – 11,30 сомонӣ 30 ҳазор доллар қарз гирифтед. Вақте ки моҳи март қурби доллар то 13,02 сомонӣ боло рафт, дар муддати кӯтоҳ фоизи ипотекаи шумо аз 12%-и аввала то 13,72% боло рафт.

Моҳи май қурби доллар то 11,40 сомонӣ поин рафт. Аз ин бармеояд, ки шумо ба ҳамон фоизи аввала баргаштед, лекин каме зиёдтар – 12,1%. "Писарам барои кори доимӣ ба ИМА рафта, пули хуб кор мекунад ва ҳар моҳ ба ман 600-800 доллар мефиристад.

Сарфи назар аз тавсияҳои шиносҳову наздикон ҷиҳати гирифтани қарз танҳо бо сомонӣ, як моҳ пеш ман аз бонк барои харидани мошин бо 12%-и солона 15 ҳазору 700 доллар қарз гирифтам, ки ин ба 204 ҳазору 414 сомонӣ баробар аст. Мизоҷон аллакай ба ман гуфтанд, ки дар натиҷаи поинравии қурб ман акнун камтар маблағ пардохт мекунам, лекин ҳоло ба бонк нарафтаам”, – мегӯяд таксирони пойтахт Ғафурҷон Расулов.

Бо қурби 11,40 сомонӣ ҳозир ин мард ба ҷойи 12%-и солона 10,62% пардохт мекунад. Тибқи пешгӯии коршиносони бозори асъори Бонки марказии Русия, агар поинравии қури доллар идома ёбад, фоизҳои таксирон низ ҳамзамон аз 10,62% боз камтар мешаванд. “Моҳи март ман аз бонк бо 12%-и солона бо қурби 12,96 сомонӣ барои харидории лавозимоти ошхона 9 ҳазор доллар қарз гирифтам.

Ҳар моҳ бо назардошти қурби доллар ман ба бонк бояд 840 доллар пардохт кунам. Моҳи апрел вақте ки қурб то 12,50 сомонӣ поин рафт, ман ба ҷойи 10 ҳазору 886,4 сомонии пешбинишуда 10 ҳазору 500 сомонӣ пардохт намудам. Акнун вақте ки қурби доллар то 11,40 сомонӣ паст шуд, ман боз камтар – 9 ҳазору 576 сомонӣ пардохт мекунам”, – мегӯяд як соҳибхоназани сокини пойтахт.

Ҷамъбаст мекунем: дар Тоҷикистон имрӯз бо доллар қарз гирифтани фоидаовар аст, зеро бар асари поинравии қурб фоизҳояш пасттаранд (8-12%) ва боз ҳам поин мераванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...