Дар Тошканд Чемпионати футболи Осиё-2022 байни мунтахабҳои ҷавонон оғоз мешавад

Имрӯз дар Ӯзбекистон мусобиқаи Чемпионати футболи Осиё-2022 байни мунтахабҳои ҷавонон ё худ мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) оғоз мешавад. Мунтахаби Тоҷикистон бозии аввали худро рӯзи 3 июн бо дастаи Арабистони Саудӣ мегузаронад. Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ Аслиддин Ҳабибуллоев рӯзи 30 май вориди шаҳри Тошканд […]

Имрӯз дар Ӯзбекистон мусобиқаи Чемпионати футболи Осиё-2022 байни мунтахабҳои ҷавонон ё худ мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) оғоз мешавад. Мунтахаби Тоҷикистон бозии аввали худро рӯзи 3 июн бо дастаи Арабистони Саудӣ мегузаронад.

Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ Аслиддин Ҳабибуллоев рӯзи 30 май вориди шаҳри Тошканд шуд.

Гуфта мешавад, ба ҳайати ниҳоии мунтахаби олимпии Тоҷикистон барои ширкат дар Ҷоми Осиё-2022 22 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 2 ҳамлагар шомил карда шуд.

Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1-ум то 19-уми июн дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «D» бозӣ мекунад. Рақибони дастаи мо дастаҳои Арабистони Саудӣ (3 июн), Амороти Муттаҳидаи Араб (6 июн) ва Ҷопон (9 июн) мебошанд..

Бозии аввали футболбозони тоҷик дар ин мусобиқа рӯзи 3 июн дар варзишгоҳи “Локомотив”-и шаҳри Тошканд бо тими Арабистони Саудӣ доир гардида, вохӯрӣ соати 20:00 оғоз мешавад.

Дар рӯзи аввали мусобиқа (3 июн) ҳамчунин бозиҳо байни дастаҳои Эрон – Қатар, Ӯзбекистон – Туркманистон дар гуруҳи “А”, Австралия – Кувейт ва Урдун – Ироқ дар гуруҳи “В” баргузор мешаванд.

Чемпионати Осиё оид ба футбол байни мунтахабҳои ҷавонон 2022 (AFC U23 Championship 2022) маротибаи панҷум аз ҷониби Конфедератсияи футболи Осиё гузаронида мешавад. Ба иштирок дар ин мусобиқа футболбозони пас аз 1 январи соли 1999 таваллудшуда ҳуқуқ доранд.

Қобили зикр аст, ки ин мусобиқа дар Ӯзбекистон бояд аз 6 то 24 январи соли 2022 баргузор мешуд, лекин бар асари пандемияи COVID-19 ба моҳи июни соли 2022 мавқуф гузошта шуд. Дар ин мусобиқа ҳамагӣ 16 даста иштирок мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.