Билетҳо аз 5215 сомонӣ. Тоҷикистон парвозҳоро бо Олмон барқарор мекунад.

Тоҷикистон ва Олмон парвозҳои мунтазамро барқарор мекунанд. Парвози аввал рӯзи 6 июн бо хатсайри Душанбе-Мюнхен-Душанбе дар назар аст. “Бо дастури президенти Тоҷикистон мо тадриҷан парвозҳоро тариқи хатсайрҳо ба кишварҳои хориҷи дур барқарор карда истодаем. Бо Олмон барои барқарор намудани парвозҳо ба мувофиқа расидем. Ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҷиҳати анҷоми парвоз бо хатсайри нави Душанбе-Мюнхен иҷоза шуд”, […]

Тоҷикистон ва Олмон парвозҳои мунтазамро барқарор мекунанд. Парвози аввал рӯзи 6 июн бо хатсайри Душанбе-Мюнхен-Душанбе дар назар аст.

“Бо дастури президенти Тоҷикистон мо тадриҷан парвозҳоро тариқи хатсайрҳо ба кишварҳои хориҷи дур барқарор карда истодаем. Бо Олмон барои барқарор намудани парвозҳо ба мувофиқа расидем. Ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҷиҳати анҷоми парвоз бо хатсайри нави Душанбе-Мюнхен иҷоза шуд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” муовини директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Азиз Набизода.

Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон омода буд, ки алоқаи ҳавоиро ҳанӯз соли 2021 барқарор кунад, лекин Олмон тасмим гирифт, ки имсол фазояшро боз мекунад.

“Дар аввал ҳафтае 1 парвоз пешбинӣ гардида, минбаъд бо назардошти талаботи мусофирон, шумори хатсайрҳо зиёд карда мешавад”, – гуфт манбаъ.

Аз ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” низ хабар доданд, ки ба иҷрои парвозҳо ба Мюнхен оғоз мекунанд.

“Шурӯъ аз 6 июн парвозҳо бо хатсайри Душанбе-Мюнхен-Душанбе ҳафтае як маротиба – рӯзҳои душанбе иҷро карда мешаванд. Вақти парвоз аз Душанбе – соати 06:00 ва аз Мюнхен – соати 11:30 бо вақти маҳаллӣ муқаррар карда шудааст”, – омадааст дар хабар.

Ширкат зикр мекунад, ки парвозҳо бо ҳавопаймоҳои навъи Boeing 737-900 анҷом дода шуда, бо таърифа ва шартҳои он мусофирон аз сомона ё Маркази хидматрасонӣ (Call-центр)-и ширкат маълумоти муфассал дарёфт карда метавонанд.

Дар сомонаи расмии “Сомон Эйр” нархи билет ба парвози пешбинишуда дар эконом-класс 427 евро (5 ҳазору 215 сомонӣ) ва бизнес-класс – 607 евро (7 ҳазору 414 сомонӣ) зикр шудааст. Билетҳои бозгашт дар эконом-класс 492,52 евро (6 ҳазору 9 сомонӣ) ва бизнес-класс – 672,52 евро (8 ҳазору 208 сомонӣ) нарх доранд.

Ёдрас мекунем, ки то замони пандемия “Сомон Эйр” аз Тоҷикистон ба Олмон бо хатсайри Душанбе-Франкфурт парвозҳо анҷом медод.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.