Канада алайҳи Алина Кабаева ва 21 шаҳрванди дигари Русия таҳрим ҷорӣ кард

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Канада нисбати 22 шаҳрванди Русия ва чаҳор ширкати русӣ таҳримҳои нав ҷорӣ кард. Дар рӯйхати нави таҳримҳо – қаҳрамони олимпӣ Алина Кабаева низ ҳаст, ки аз вай ба унвони одами наздики Владимир Путин ном мебаранд.

Дар таҳримҳои нав ҳамчунин ду духтари сарватманд Михаил Фридман, раиси "Новикамбанк" Елена Георгиева, мудири ширкати куҳиву металлургии Урал Андрей Козинсин ва дигар мақомдорони Русия ҳастанд.

Рӯзи 20 май Канада ҳамчунин нисбати 14 шаҳрванди Русия таҳрим ҷорӣ карда буд. Дар рӯйхати пешин низ "сарватмандони Русия, аъзои хонаводаи онҳо ва афроди наздик ба Путин" буданд.

Пештар нисбати Алина Кабаева Бритониё таҳрим ҷорӣ карда буд. Кабаеваро маъшуқа ё ҳамсари Владимир Путин, президенти Русия меноманд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...