Садҳо донишҷӯйи ӯзбекистониро аз як донишгоҳи Қирғизистон ихроҷ карданд

Бештар аз сад донишҷӯи узбекистонӣ, ки дар факултаи тиббии Донишгоҳи давлатии Ҷалолободи Қирғизистон таҳсил мекарданд, ихроҷ шудаанд. Намояндаи донишгоҳ гуфт, донишҷӯён дар бисёре аз дарсҳо иштирок надоштанд. Донишҷӯён дар навбати худ мегӯянд, аз онҳо "маблағ" мехоҳанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори эътирози донишҷӯён нашр шуд. "Агар мо назди садорат наравем, вай моро намешунавад. Моро одам намеҳисобанд… Мо […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Бештар аз сад донишҷӯи узбекистонӣ, ки дар факултаи тиббии Донишгоҳи давлатии Ҷалолободи Қирғизистон таҳсил мекарданд, ихроҷ шудаанд. Намояндаи донишгоҳ гуфт, донишҷӯён дар бисёре аз дарсҳо иштирок надоштанд.

Донишҷӯён дар навбати худ мегӯянд, аз онҳо "маблағ" мехоҳанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори эътирози донишҷӯён нашр шуд.

"Агар мо назди садорат наравем, вай моро намешунавад. Моро одам намеҳисобанд… Мо аз соли аввал инҷо таҳсил мекунем, аммо ба мо анатомия дарс намедиҳанд. Бидуни донистани анатомия мо чи гуна табиб мешавем. Пул бидиҳӣ – дар донишгоҳ мемонӣ, касе пул надорад – ихроҷ мешавад. Чи кор бояд бикунем?", – мегӯяд яке аз донишҷӯён дар навор.

Омӯзгори факулта Аскар Сейдалиев изҳороти донишҷӯёнро дар бораи талаб кардани пул дар ивази набудан дар дарсҳо тасдиқ кард.

Гулбар Тошиева, декани факулта, баракс, мегӯяд, донишҷӯёне, ки дар дарсҳои зиёд ширкат надоштанд, пештар огоҳ шуда буданд, ки ихроҷ мешаванд.

Вай илова кард, бештар аз 50 донишҷӯ аз Покистону Ҳиндустон низ барои иштирок накардан дар дасрҳо ихроҷ шудаанд.

Дар Донишгоҳи давлатии Ҷалолободи Қирғизистон, ки 3300 донишҷӯ дорад, 400 донишҷӯи он аз Узбекистон ҳастанд. Ба ҷуз ин зиёда аз ҳазор донишҷӯ аз Ҳиндустон, Покистон ва Бангладеш барои таҳсил омадаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.