Вазири хориҷаи Тоҷикистон бо фиристодаи ИМА барои Афғонистон таҳкими марз ва расонидани ёриҳоро баррасӣ кард

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар дидор бо Томас Вэст, фиристодаи вижаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои Афғонистон масъалаи таҳким марзҳо ва мубориза бо терроризмро баррасӣ кардаанд. Ин мулоқот дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, асри 31-уми май сурат гирифтааст. Тамас Вэст дар идомаи сафарҳои минтақаии худ бо як сафари дурӯза вориди Тоҷикистон шудааст. Бино ба […]

Иршод Сулаймонӣ, Asia-Plus

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар дидор бо Томас Вэст, фиристодаи вижаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои Афғонистон масъалаи таҳким марзҳо ва мубориза бо терроризмро баррасӣ кардаанд.

Ин мулоқот дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, асри 31-уми май сурат гирифтааст. Тамас Вэст дар идомаи сафарҳои минтақаии худ бо як сафари дурӯза вориди Тоҷикистон шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар баробари масъалаи вазъ дар Афғонистон, "ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак, зарурати густариши ҳамкориҳо барои таҳкими марзҳо ва  расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон"-ро низ баррасӣ кардаанд.

Томас Вэст ахиран сафарҳои минтақаии худро брои дидор ва гуфтугӯ бо бархе чеҳраҳои сиёсӣ ва шаҳрвандони Афғонистон оғоз кардааст. Ӯ пеш аз сафараш ба Тоҷикистон ба Ҳинд, Туркия ва Ӯзбекистон сафар карда буд.

"Афғонистон интернейшнл" навиштааст, ки яке аз ҳадафҳои сафари Вэст ба Тоҷикистон дидораш бо бархе аз "чеҳраҳои зиддитолибонӣ" ва аз ҷумла Аҳмади Масъуд гуфта мешавад.

Вале то ҳоло ҷузъиёте аз сурат гирифтан ё нагирифтани ин дидор нашр нашудааст.

Вэст дар туркия бо бархе аз чеҳраҳои сиёсии ҳукумати пешини Афғонистон низ дидор карда буд ва пас аз дидораш гуфта буд, ки ин чеҳраҳо аз набуди раванди сиёсии брои гуфтугӯ ва мушорикат дар Афғонистон интиқод карда буданд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.