Дар соҳили дарёи Душанбе ҷасади як мард дарёфт шуд

Дар соҳили дарёи Душанбе рӯзи 31 май ҷасади як марди 45-50 сола дарёфт шуд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ. Гуфта мешавад, аз намудор шудани ҷасаде дар соҳили рӯди Душанбе, дар шафати боғи фарҳанг ва истироҳати ба номи Умари Хайём (наздикии бинои Донишгоҳи миллӣ) ба шуъбаи навбатдории Кумита навбатдори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии […]

Дар соҳили дарёи Душанбе рӯзи 31 май ҷасади як марди 45-50 сола дарёфт шуд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, аз намудор шудани ҷасаде дар соҳили рӯди Душанбе, дар шафати боғи фарҳанг ва истироҳати ба номи Умари Хайём (наздикии бинои Донишгоҳи миллӣ) ба шуъбаи навбатдории Кумита навбатдори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт хабар додааст.

“Бо дарёфти хабар Дастаи зудамали Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса равон шуд, – омадааст дар хабар. – Онҳо ҷасадро аз дарё берун оварда, ба ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд”.

Зимнан зикр мегардад, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои муайян кардани шахсияти фавтида ва сабабҳои маргаш тафтишот оғоз карданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.