Амрико ба Укроин пойгоҳи мушакии пешрафтаи “Ҳимерс” медиҳад

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Президенти ИМА Ҷо Байден розӣ шуд, ки ба Укроин пойгоҳи пешрафтаи мушакӣ пешкаш кунад, ки тавони расидан ба ҳадафе дар фосилаи 80 километрро дорад.

Байден рӯзи 31-уми май дар матлабе дар нашрияи The New York Times навишт, "системаҳои мушакӣ ва силоҳҳо барои исобат ба ҳадафҳои калидӣ дар майдони ҷанги Укроин мусоидат мекунанд."

Ӯ афзуд, ҳуҷуми Русия ба Укроин аз роҳи дипломатия ҳалли худро меёбад, вале Иёлоти Муттаҳида бояд силоҳҳои муҳимро ба Укроин таъмин кунад, то мавқеи Киев дар музокирот дар сатҳи баландтарин қарор бигирад.

ИМА розӣ шуд, Укроинро бо системаҳои мушакии “Ҳимерс” таъмин кунад, ки бо сифатҳои пешрафтаву замонавӣ фарқ мекунанд.

Айни замон, Укроин аз пеш вазифадор шудааст, ки ин мушакҳоро барои ба дохили хоки Русия партоб кардан истифода нахоҳад кард. Системаи мушакҳои "Ҳимерс" бахше аз бастаи 700-миллиондолларии силоҳҳо мебошад, ки нав ба Украина пешкаш шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...