Амрико ба Укроин пойгоҳи мушакии пешрафтаи “Ҳимерс” медиҳад

Президенти ИМА Ҷо Байден розӣ шуд, ки ба Укроин пойгоҳи пешрафтаи мушакӣ пешкаш кунад, ки тавони расидан ба ҳадафе дар фосилаи 80 километрро дорад. Байден рӯзи 31-уми май дар матлабе дар нашрияи The New York Times навишт, "системаҳои мушакӣ ва силоҳҳо барои исобат ба ҳадафҳои калидӣ дар майдони ҷанги Укроин мусоидат мекунанд." Ӯ афзуд, ҳуҷуми Русия ба […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Президенти ИМА Ҷо Байден розӣ шуд, ки ба Укроин пойгоҳи пешрафтаи мушакӣ пешкаш кунад, ки тавони расидан ба ҳадафе дар фосилаи 80 километрро дорад.

Байден рӯзи 31-уми май дар матлабе дар нашрияи The New York Times навишт, "системаҳои мушакӣ ва силоҳҳо барои исобат ба ҳадафҳои калидӣ дар майдони ҷанги Укроин мусоидат мекунанд."

Ӯ афзуд, ҳуҷуми Русия ба Укроин аз роҳи дипломатия ҳалли худро меёбад, вале Иёлоти Муттаҳида бояд силоҳҳои муҳимро ба Укроин таъмин кунад, то мавқеи Киев дар музокирот дар сатҳи баландтарин қарор бигирад.

ИМА розӣ шуд, Укроинро бо системаҳои мушакии “Ҳимерс” таъмин кунад, ки бо сифатҳои пешрафтаву замонавӣ фарқ мекунанд.

Айни замон, Укроин аз пеш вазифадор шудааст, ки ин мушакҳоро барои ба дохили хоки Русия партоб кардан истифода нахоҳад кард. Системаи мушакҳои "Ҳимерс" бахше аз бастаи 700-миллиондолларии силоҳҳо мебошад, ки нав ба Украина пешкаш шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.