Хатсайри мустақими қатор аз Тошканд ба Душанбе роҳандозӣ мешавад

Тоҷикистону Ӯзбекистон ба мувофиқа расидаанд, ки сар аз 20 июн хатсайри қатори мусофирбарро дар масири Тошканд-Душанбе роҳандозӣ кунанд. Дар ин бора “Podrobno.uz” бо такя ба брифинги муштараки сарони ду кишвар хабар медиҳад. Ин расона аз қавли Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон менависад, ки шаҳрвандони ду кишвар имкон доранд, ба қаламрави ҳамдигар озодона сафар кунанд ва ҳар рӯз […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Тоҷикистону Ӯзбекистон ба мувофиқа расидаанд, ки сар аз 20 июн хатсайри қатори мусофирбарро дар масири Тошканд-Душанбе роҳандозӣ кунанд. Дар ин бора “Podrobno.uz” бо такя ба брифинги муштараки сарони ду кишвар хабар медиҳад.

Ин расона аз қавли Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон менависад, ки шаҳрвандони ду кишвар имкон доранд, ба қаламрави ҳамдигар озодона сафар кунанд ва ҳар рӯз ҳудуди 20 ҳазор нафар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистонро убур мекунанд.

– Ин рақами хеле муҳим аст. Мо аҳд кардем, ки дар ояндаи наздик имконияти кушодани нақлиёти роҳи оҳани мусофиркашониро миёни пойтахтҳо ва дигар шаҳрҳои мамлакатҳоямон баррасӣ намоем, – гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

Дафтари матбуотӣ ва расонаҳои расмии Тоҷикистон дар бораи барқарор шудани хатсайри қатораҳои мусофирбарӣ хабар надодаанд.

Роҳандозии хатсайри қатори мусофирбарӣ байни Душанбе ва Тошканд дар ҳолест, ки дар гузшат байни ду кишвар чунин хатсайри мустақим набуд. Сокинони Тоҷикистон тавассути хатсайри қатораи Русия ё дигар кишварҳо то ба ошканд мерафтанд.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки аз Тоҷикистон ба як қатор шаҳрҳои Узбакистон хатсайри автобусҳо роҳандозӣ гардид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.