Соҳибкорони Фарғонаи Ӯзбекистон мехоҳанд дар Суғд корхонаи муштараки коркарди пахта созанд

Миёни доираҳои соҳибкориву тиҷории вилоятҳои Суғду Фарғона беш аз 15 санади ҳамкорӣ дар бахши саноати сабук ва кишоварзӣ ба имзо расид. Дар доираи он гурӯҳе аз ширкатҳои Ӯзбекистон мехоҳанд дар шимолии Тоҷикистон корхонаҳои муштараки коркарди пахта бунёд кунанд. Ҳудуди 20 соҳибкори ӯзбек, давоми ду рӯзи ахир бо роҳбарии Алибек Турсунов, муовини ҳокими вилояти Фарғона имконоту […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Миёни доираҳои соҳибкориву тиҷории вилоятҳои Суғду Фарғона беш аз 15 санади ҳамкорӣ дар бахши саноати сабук ва кишоварзӣ ба имзо расид. Дар доираи он гурӯҳе аз ширкатҳои Ӯзбекистон мехоҳанд дар шимолии Тоҷикистон корхонаҳои муштараки коркарди пахта бунёд кунанд.

Ҳудуди 20 соҳибкори ӯзбек, давоми ду рӯзи ахир бо роҳбарии Алибек Турсунов, муовини ҳокими вилояти Фарғона имконоту иқтидори корхонаҳои коркарди пахта ва бахши кишоварзии вилояти Суғдро санҷиданд. Дар рӯзи дуюми сафар, миёни бахшҳои ниҳодҳои саноатии Суғду Фарғона чанд санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Анвар Яъқубӣ, муовини раиси вилояти Суғд дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ҳадафи ташрифи доираҳои соҳибкорону тоҷирони вилояти Фарғона густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва дарёфти роҳҳои рушд дар соҳаҳои саноати сабук, ресандагӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ, рангуборкунӣ, пиллапарварӣ аст. Табодули таҷриба дар самти обёрии қатравӣ, тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ ва бунёди боғҳои интенсивӣ, ки гуфта мешавад, кишоварзони ӯзбек дар ин кор аз таҷрибаи хуб бархӯрдоранд ҳадафи дигари сафар аст.

Яъқубӣ афзуд, миёни доираҳои тиҷории Суғду Фарғона барои ташкили корхонаи ресандагӣ дар ноҳияи Ашт, ҳамкорӣ миёни корхонаи Нассоҷӣ Хуҷанд, корпоратсияи Камоли Хуҷандӣ ва ширкати Кореяи Ҷанубӣ дар Фарғона ба мувофиқа расиданд.

“Дар ин ҷо масъалаи ба кор андохтани иқтидорҳои бекорхобидаи корхонаҳо рафта истодааст. Чун бидуни таҷдид хатти технологияҳоро ба кор андохтан мушкил аст ва дар ин самт соҳибкорон ва корхонаҳои Ӯзбекистон аз таҷрибаи бой бархӯрдоранд. Ба мувофиқа расидем, ки иқтидорҳои бекорхобидаро ба кор менадозем. Соҳибкорони ноҳияи Ашт ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров омодаанд, корхонаҳои ресандагӣ созанд ва дар ин самт мо бо соҳибкорони Фарғона меморандуми ҳамкорӣ имзо кардем ва баъди омӯзиши онҳо имкони бунёди корхонаҳои нав вуҷуд дорад, мо ҳамкорӣ мекунем”,-гуфт Яъқубӣ

Алибек Турсунов, муовини ҳокими вилояти Фарғона ба Азия-Плюс” гуфт, онҳо мехоҳанд таҷрибаи бойи худро дар самти баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳамтоёни тоҷики худ омӯзонанд. 

“Мо шоҳиди он шудем, ки дар баъзе минтақаҳои Суғд 30-35 то ҳатто 25 сентнер ҳосили пахта мегиранд, ки ин паст аст. Мо тавсия дода истодаем, ки обёрии қатравӣ ҷорӣ кунанд. Таҷрибаи се солаи мо дар Фарғона нишон дод, ки аз усули обёрии қатравӣ сарфаи об кам шуд ва 10-15 сентнер ҳосилнокӣ баланд гардид ва харҷи зиёдатӣ кам шуд. Мо ҳавасмандем, ки ашёи хоми пахтаро аз ин ҷо харидорӣ кунем. Ширкати Кореяи Ҷанубӣ, ки дар вилояти Фарғона корхонаҳои бузург дорад ҳавасманд аст, ки ашёи хоми пахтаро то 20-25 тонна дар асоси шартнома аз Суғд харидорӣ кунад”.

Ғайрат Содиқов, намояндаи ширкати “Фурқат Интекс”-и шаҳри Қӯқанди вилояти Фарғона яке аз ширкатҳои Ӯзбекистон аст, ки бо ширкати “Рахшона”-и ноҳияи Ашт дар самти бунёди корхонаи муштараки пахта созишнома баст. Вай гуфт, ширкати “Фурқат Интекс” дар Ӯзбекистон 3 корхонаи истеҳсоли ресмон, як заводи пахта ва як корхонаи равғанбарорӣ ва коркарди маҳсулоти ниҳоиро дорост ва маҳсулотҳои тайёрро  ба бозорҳои Чину Русия мебарорад ва ҳоло тасмим дорад ба бозорҳои Аврупо низ содир кунад.

Доираҳои соҳибкориву тиҷории Фарғона дар ҳоле ба вилояти Суғд сафар кардаанд, ки рӯзи 1-уми июн дар шаҳри Тошканд бо иштироки беш аз 200 соҳибкори тоҷику ӯзбек форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид, ки дар ҳошияи он 75 санади тиҷоративу иқтисодӣ ба маблағи 1062,6 миллион доллар ба имзо расид. Муносибати ин ду кишвари ҳамсоя дар ҳамаи бахшҳои иқтисоду ҳамкорӣ дар чанд соли ахир ва баъди ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёв  густариш меёбад. Ин аст, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон феълан бо сафари корӣ дар Ӯзбекистон қарор дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.