Соҳибкоре, ки дар сӯхтори бозори “Фаровон” ҷароҳат бардошта буд, фавтид

Аз беморхонаи вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки имрӯз 3-июни июни соли 2022, соати 04 субҳ, соҳибкори 52-сола Маҳмад Сафаров шаби сӯхтор дар бозори "Фаровон" ҳудуди 90% баданаш сӯхта буд, ҷон додааст. Ин соҳибкор сокини шаҳри Кӯлоб будааст Ҷанозаи ин соҳибкор ба зодгоҳаш шаҳри Кӯлоб бурда шудааст ва имрӯаз дар […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Аз беморхонаи вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки имрӯз 3-июни июни соли 2022, соати 04 субҳ, соҳибкори 52-сола Маҳмад Сафаров шаби сӯхтор дар бозори "Фаровон" ҳудуди 90% баданаш сӯхта буд, ҷон додааст. Ин соҳибкор сокини шаҳри Кӯлоб будааст

Ҷанозаи ин соҳибкор ба зодгоҳаш шаҳри Кӯлоб бурда шудааст ва имрӯаз дар он ҷо ба хок счупурда мешавад.

Маҳмад Сафаров шаби 1 июн, ҳангоми сӯхтор дар баробари 11 нафари дигар ҷароҳат бардошта буд. Ҷароҳати 11 тани ддигар сабук гуфта мешавад. 

Сафаров ва 11 тани дигар дар кадом ҳолат ва чӣ гуна ҷароҳат бардоштаанд , то кунун маълум нест.  Вале хабарнигори “Азия-Плюс”, ки он шаб дар ҷойи ҳодиса қарор дошт мегӯяд, бисёре аз соҳибкорон талош доштанд молу колои худро наҷот диҳанд.

Ба гуфти масъулини соҳаи тандурустии шаҳру вилоят, аз 12 нафари ҷароҳатбардошта танҳо Маҳмад Сафаров, ки 90% баданаш сӯхта буд бистарӣ шуд ва дигарон баъди кумаки аввалияи тиббӣ ба хонаҳояшон рухсат шуданд.

Дирӯз, 2 июн соли 2022, Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон хабар дод, ки бино ба маълумоти фаврии гурӯҳи кории таъсисшуда сабаби сар задани сӯхтор расиши кутоҳи ноқилҳои барқӣ дар яке аз ошхонаҳои бозор будааст. Ин ниҳод мегӯяд, ки хлосаи дақиқ аз сабаби сар задани сӯхтор баъди пурра ба анҷом расидани таҳқиқу тафтиши гурӯҳи корӣ пешниҳод мешавад. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?

Ба 80 зани соҳибкори Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.

Аз таъсиси “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он чӣ дастовард дорад?

70 ширкату 23 млн сомонӣ ва имконоти бештар барои занон.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.